Худои Мутаол дар ояти 12 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَحَرَّمْنَا عَلَيْهِ الْمَرَاضِعَ مِنْ قَبْلُ فَقَالَتْ هَلْ أَدُلُّكُمْ عَلَى أَهْلِ بَيْتٍ يَكْفُلُونَهُ لَكُمْ وَهُمْ لَهُ نَاصِحُونَ (12)
Ва мо (ба даҳон гирифтани синаи) занони ширдеҳро аз пеш бар ӯ мамнӯъ кардем. Пас (хоҳари Мусо, ки маъмуронро дар ҷустуҷӯи доя дид) гуфт: Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки ӯро барои шумо сарпарастӣ кунад ва барои ӯ хайрхоҳ бошанд?
Бояд бидонем:
"Марозиъ" ҷамъи "мурзиа" яъне занони ширдеҳ ва доя аст.
Бояд биёмӯзем:
1.Агар Худованд нахоҳад, ташкилоти паҳновар ва бузурге ҳамчун дастгоҳи Фиръавн низ аз таъмини ғизои як кӯдак оҷиз ва нотавон мемонанд. «حرّمنا»
2.Ибтидои ҳамаи корҳо мисли макидани навзод низ бо иродаи Илоҳӣ аст ва агар ӯ нахоҳад намешавад. «حرّمنا»
3.Ширхорагӣ ва супоридани навзод ба доя барои шир додан собиқаи таърихӣ ва дароз дорад. «المراضع»
4.Вақте сари инсони мутакаббир ба санг бихӯрад, роҳнамоӣ ва пешниҳоди дигарон, ҳатто як фарди ношиносро низ осон мепазирад. «فقالت هل ادلّكم»
5.Пешниҳодҳои худро дар робита бо чизе, ки ҳассос аст, оддӣ матраҳ кунем. «هل ادلّكم»
6.Дар баробари душман бояд зирак буд. Хоҳари Мусо(а) номе аз модараш нагуфт: «على اُمّه» балки онро ба сурати ношинос зикр кард. «على اهل بيتٍ»
7.Ниёзи навзод фақат дар ғизо нест, балки ӯ ба хонавода ва маркази муҳаббат низ эҳтиёҷ дорад, аз ин рӯ хоҳари Мусо(а) сухан аз сарпарастии ҳамаҷониба кард на танҳо тағзия. «يكفلونه»
8.Пешниҳодҳои худро тавре матраҳ кунем, ки шунаванда онро ба нафъи худ бидонад. «يكفلونه لكم»
9.Кафолате арзишманд аст, ки бо хайрхоҳӣ ва муҳаббат ҳамроҳ бошад. «يكفلونه لكم و هم له ناصحون»
ТАДБИРИ ҲАҚ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1219