Мо вақте ба худ ва атрофи худ нигоҳ мекунем, мебинем, ки ҳар чизе дар ҷои худ қарор гирифтааст. Агар кӯдак нотавон аст, падару модар бо алоқае, ки ба ӯ доранд, ӯро нигаҳдорӣ мекунанд ва мушкилоти ӯро ҳал мекунанд. Оби даҳон ширин аст то мо эҳсоси нороҳатӣ накунем ва оби чашм шӯр аст то бо шӯрии худ чашмро ҳифз кунад.
Худованд рӯи ангуштон даст, миқдоре пӯсти зиёдӣ қарор дода, ки ҳангом хам шудани ангуштон, мушкиле надошта бошад. Рӯи зону низ миқдоре пӯсти зиёдӣ қарор дода, ки зонуи мо ба роҳати хам шавад. Мижаҳои чашм ва пилки чашм ва косаи чашм ва абруи болои чашм, ҳама барои он аст, ки ба чашми мо зарар нарасад. Худованд лабҳои моро нарм қарор дод, то ба роҳатӣ сухан бигӯем ва ҳангоми ғизо чизе аз даҳонамон берун нарезад. Фосилаи хуршедро ба гунае қарор дод, ки мо насӯзем. Заминро барои мо тасфияхонаи ройгон қарор дод, ки оби касиф дар он фурӯ меравад, вале аз канори он оби зулол берун меояд. Мо ба ҳар чӣ бингарем, тадбири Худоро дар он мебинем.
Оё мумкин аст Худованде, ки дар бадани мо ва дар кулли ҷаҳон ин ҳама зебоиҳо, ҳунарнамоиҳо, санъатҳо ва ҳикматҳо қарор дода, пас аз чанде бо марги инсон ҳама чизи ӯро тамом кунад?!
Оё метавонем бо худ бигӯем, ки навзод кӯдаке шавад ва баъд ҷавон ва пас аз он солманд ва баъд бо мурдан, парвандаи инсон дарҳам печида ва тамом шавад?
Ба як мисол диққат кунед: Агар шахсе афроди зиёдеро ба меҳмонӣ даъват кунад ва дар дастархон анвоъи ғизоҳо, нӯшиданиҳо, сабзиҳо ва меваҳоро бо назм бичинад. Маҳалли пазироиро бо фаршҳо, пардаҳо ва чароғҳо зинат диҳад, вале меҳмонон ба ҷои адаб, ба якдигар ҳамла кунанд, ҳаққи якдигарро талаф кунанд ва пас аз муддате сару садо ва даргирӣ дастархон барчида ва чароғҳо хомӯш ва меҳмонӣ таътил шавад. Оё ба касе, ки ин меҳмониро баргузор карда намегӯянд, ки заҳматҳоят барбод рафт ва меҳмонӣ беҳуда буд? Оё набояд аз ин ҷамъияти меҳмонон баҳрагирӣ ва ҳадафе дунбол мешуд?
Ҳоло диққат кунем. Замин дастархони густурда аст. Анвоъи ғизоҳо ва меваҳо ва рангҳо ва маззаҳо ва дарёҳо ва кӯҳҳо ва маъодин ва зебоиҳо дар он қарор дода шудааст ва мардуми замин дар ин хонаи бузург муддате ҳастанд. Баъзе мардум ситамгар ва баъзе ситамдидаанд. Агар пас аз чанд рӯзе марг ҳамаро фаро гирад ва чароғи хуршед хомӯш ва дастархон барчида шавад, дар ин офариниш чӣ суде аст? Агар аз ғизо инсон сохта шавад ва инсон бимирад ва хок шавад ва ҳеҷ музд ва кайфаре дар кор набошад ва хубону бадон бо ҳам несту нобуд шаванд, дар ин офариниш чӣ ҳадафе дар кор аст? Агар мо ҳозир нестем дастархони беҳуда паҳн кунем, Худои ҳаким низ инсон беҳадаф халқ намекунад.
Худо ҳаким аст то онҷо, ки барои истодани мо кафи пойро ба муҳандисии хос қарор дода ва ҳама чизро барои башар офаридааст. Мо наметавонем бигӯем, ки ҳама чиз барои башар халқ шудааст, вале башар барои хӯрдан ва мурдан. Пас бояд ҳисобу китоб ва кайфару подош бошад ва ҳамонгуна ки агар баргҳо дар тирамоҳ мерезанд ва дар баҳор дубора сабз мешванд ва ҳамонгуна ки баъд аз хоб дубора бедор мешавем бояд ду мартаба инсон зинда шавад то музди кори нек ва бади худро бибинад. Албатта бахше аз музд ва подошҳо дар дунё дода мешавад, аммо музди аслӣ дар ҷаҳони дигар аст.
Зинда шудани мурда мисли бедор шудан аз хоб ва мисли ба ёд овардан чизҳои фаромӯшшуда аст. Ҳамон Худое, ки моро офарид метавонад баъд аз марг дубора моро зинда кунад.
Чунонки агар касе мошин сохт метавонад қитъаҳои онро аз ҳам ҷудо кунад ва бори дигар онҳоро ба ҳам васл кунад. Ҳамонгуна ки мо метавонем хиштеро хок кунем ва дубора аз ҳамон хокҳо хишти нав бисозем. Магар дандонҳои кӯдак намерезад, вале дубора дандони маҳкамтари мерӯяд? Ҳатто агар қисмати кӯчак ва заррае аз инсон бошад, мешавад табдил ба як инсон шавад. Шумо панҷ сантиметр аз шохаи дарахти ангурро мебуред ва дар замини мекоред. Ҳамон қаламчаи кӯчак, дарахти ангури бузурге мешавад.
Бино бар ин Худое, ки як шохаи кӯчакро дарахт мекунад ва пас аз резиши дандон, дандони маҳкамтареро барои зиндагии тӯлонӣ, падид меоварад ва дарахтони тарамоҳиро дар баҳор сабз мекунад ва хобрафтаҳоро бедор мекунад, мурдаҳоро низ зинда хоҳад кард. Зеро агар зинда накунад ва инсон бо марг нобуд шавад, мисли ҳамон меҳмонии бефоида аст, ки меҳмонон ба якдигар зулм кунанд ва дастархон барчида шавад.
Ҷаҳони охират
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1345