Муқаддима

Аз назари Ислом ибодат ва расидан ба қурби илоҳӣ, ҳадафи офариниш аст,[1] вале ибодат фақат намозу рӯза ва тасбеҳу зикр нест, балки ҳар кору амале, ки дар роҳи Худо бошад, ибодат аст. Аз тарафе зиндагию саломатӣ ва тавони инсон барои ҳар ибодате ба маоши ӯ вобаста аст, ки натиҷаи касбу кор аст ва агар касе ниёзмандиҳои зиндагиро бо касби ҳалол таъмин накунад ва ғизову маскан ва либос надошта бошад, чигуна метавонад дигар ибодатҳоро ба ҷой оварад?! Илова бар ин, худи кору фаъолият арзиш дорад ва бекорӣ сабаби сустии бадан, беморӣ ва осебҳои дигар мешавад. Ибни Аббос нақл кардааст, ки Расули Худо(с) агар касеро медид ва аз ӯ мепурсид, ки “касбу коре дорад?”. Агар мегуфт, ки надорам. Мефармуд: “Аз чашмам афтод!” Вақте иллатро мепурсиданд, мефармуд: “Мӯъмин вақте касбу шуғле надошта бошад бо харҷи динаш зиндагӣ мекунад”.[2]

Паёмбари Ислом(с) ҳамеша мардумро ба касбу кор ташвиқ мекард. Коргари заҳматкаш назди он ҳазрат мақому манзилати болое дорад, то ҷое ки кору талош барои таъмини маошро монанди ҷиҳод дар роҳи Худо баён намудааст. Аз сӯи дигар бекорӣ ва камкорӣ хеле мазаммат ва касе, ки бе касбу кор ва заҳмат аз дастранҷи дигарон истифода кунад, лаънат шудааст. Бино бар ин дар ин мақола нигоҳе ба сираи Расули Акрам(с) дар бораи касбу кор ва ҷойгоҳи он меандозем.

Касбу кор-беҳтарин ибодат

Худованд заминро маҳалли кору талош қарор додааст, то инсонҳо бо саъю талоши худ аз неъматҳои илоҳӣ дар рӯи замин баҳраманд шаванд. Аз тарафе дар Ислом ҳар амали “солеҳ” ва “солим” ибодат аст, ҳатто агар ибодат ин қайдро надошта бошад, самаре барои инсон надорад,

>وَمَنْ عَمِلَ صَالِحًا مِنْ ذَكَرٍ أَوْ أُنْثَى وَهُوَ مُؤْمِنٌ فَأُولَئِكَ يَدْخُلُونَ الْجَنَّةَ يُرْزَقُونَ فِيهَا بِغَيْرِ حِسَابٍ<

“Ва ҳар кас кори шоистае анҷом диҳад (хоҳ “мард” ё “зан”) дар ҳоле ки мӯъмин бошад онҳо вориди биҳишт мешаванд ва дар биҳишт рӯзии беҳисобе барои онҳо дода мешавад”.[3]

Паёмбари Акрам(с) талаби рӯзии ҳалолро беҳтарин ибодат шумурдааст: «الْعِبادَةُ سَبْعُونَ جُزْءاً أَفْضَلُها طَلَبُ الْحَلالِ»[4]

“Ибодат ҳафтод бахш аст ва беҳтарин бахши он ҷустуҷӯи рӯзии ҳалол аст”.

Бино бар ин ҳар кас, ки барои рӯзии ҳалол талош мекунад, фарқе намекунад, ки дар чи унвон ва мақоме бошад, чи кишоварзӣ ё марзбонӣ ва посбонӣ кунад ва чи роҳрӯби шаҳр бошад ва ё тоҷиру раиси як ширкату созмон бошад. Агар касбу кораш ҳарому хилофи арзишҳо ва дастуроти динӣ набошад (мисли шаробфурушӣ) назди Худои Таоло боарзиш аст ва савоб дорад. Ба ҳамин хотир инсон, вақте ки дунболи кору шуғле меравад ва қасдаш ин аст, ки бо ин кор, ниёзҳои оила ва мардуми худро таъмин кунад ва ба ҷомеаи худ хидмат намояд, чунин инсоне дар ҳоли беҳтарин ибодат аст.

Ташвиқ ба касби ҳалол

Хӯрдани ҳалол оқибатбахайрӣ ва офият ба ҳамроҳ дорад. Анбиё ва авлиё ҳеҷ гоҳ ҳаром намехӯрданд ва уммати худро ба касби ҳалолу парҳез аз ҳаром суфориш мекарданд. Ҳаромхӯрӣ сабаби бисёре аз балоҳо ва азоби дунявӣ ва ухравӣ аст. Асари он дар наслу фарзандони инсон зоҳир мегардад. Ба ҳамин сабаб Расули Акрам(с) фармуд:«طُوبَى لِمَن طَابَ كَسبُهُ»[5].

“Хушо ба ҳоли касе, ки касбу тиҷорати пок ва ҳалол дорад”.

Дар ҳадиси дигаре дар баёни фалсафаи касбу кор он ҳазрат чунин фармудааст:

«مَنْ طَلَبَ الدُّنْيَا حَلَالًا اِسْتِعْفَافًا عَنِ المَسَأَلَةِ وَ سَعْيًا عَلَى عيَالِهِ وَ تَعَطُّفًا عَلَى جَارِهِ لَقِيَ اللهَ يَومَ القِيَامَةِ وَ وَجْهُهُ كَالقَمَرِ لَيْلَةَ البَدْرِ».[6]

“Касе, ки аз пайи моли ҳалол биравад, то обрӯи худро аз зиллати дархост аз дигарон нигаҳ дорад, оилаи хешро идора кунад ва ба ҳамсояи худ кӯмак кунад, дар пешгоҳи Худо сарбаланду рӯсафед аст ва чеҳрааш мисли моҳи тамом медурахшад”.

Пас дар ин ҳадис Расули Худо(с) фалсафаи касби ҳалолро се чиз донистааст: 1) Ҳифзи обрӯи мӯъмин, 2) Таъмини ниёзҳои оила, 3) Кӯмак ба дигарон

Коргари мӯъмин-ҳабиби Худо

Худои Мутаол мӯъминеро дӯст медорад, ки шуғлу касби солим дорад. Паёмбари Аъзам(с) мефармояд:

«إِنَّ اللهَ يُحِبُّ المُؤْمِنَ المُحترفَ»[7]

“Худованд бандаеро, ки шуғлу кореро барои худ интихоб мекунад, то ба ин васила аз мардум бениёз бошад, дӯст медорад”.

Касбу кори халол сабаб мешавад, ки инсон аз назари иқтисодӣ ба дигарон вобаста набошад ва чашми тамаъ ба моли дигарон наяндозад ва бо тақво аз даромадҳои ҳаром дурӣ кунад.

Имрӯз ҷавонони зиёде аз ҷомеаи мо дар кишварҳои мухталиф барои касби рӯзии ҳалол ва таъмини ниёзҳои хонаводаи худ талош мекунанд. Ҷавонон ва коргарони азиз бояд бидонанд, ки ҷамъ кардани пулу моли зиёд онҳоро аз Худо ва дастуроти динӣ дур накунад ва корҳои худро боихлосу нияти нек як амали илоҳӣ бидонанд.

Бӯсаи Паёмбар(с) ба дасти коргар

Ҳангоме ки он ҳазрат аз ғазваи Табук бозмегашт, Саъди Ансорӣ ба истиқболи ӯ шитофт ва бо дасти хашин ва пинабастааш бо Паёмбар(с) салом кард. Ҳазрат фармуд: “Чаро дастат чунин аст?” Дар ҷавоб гуфт: “Бо белу таноб кор мекунам ва харҷи зиндагии ҳамсару фарзандонамро фароҳам мекунам”. Дар ин ҳангом Паёмбар(с) дасти пинабастаи ин коргари боимонро бӯсиду фармуд: «هذِهِ يَدٌ لا تَمَسُّهَاالنَّارُ»[8]

“Ин дасте аст, ки оташи дӯзах ба он нахоҳад расид”.

Ин рафтори Паёмбари Акрам(с) намоёнгари мақоми коргар дар дини мубини Ислом аст, ки ингуна аз заҳмати коргар ва талошгар ситоиш мекунад.

Ҷойгоҳи тоҷири ростгӯ

Дар фарҳанги дини Ислом касе, ки машғули тиҷорат ва савдогарӣ аст, агар дар касбу кори худ ростгӯ бошад ва дурӯғ нагӯяд ва барои ба даст овардани манофеъ гирифтори ҳаром нашавад, дар қиёмат ҳамроҳи ростгӯён ва шаҳидон хоҳад буд. Расули Акрам(с) фармуд:«التَاجِرُ الصَدُوقُ يُحْشَر يَومَ القِيَامَةِ مَعَ الصِدِيقِينَ والشُهَدَاءِ»[9]

“Тоҷири ростгӯ дар рӯзи қиёмат ҳамроҳи содиқон ва шоҳидон маҳшур мешавад.”

Агар корманду коргар содиқона ба вазифа ва масъулияте, ки дорад амал кунад ва ҷиддӣ талош намояд, дар рӯзи қиёмат бо беҳтарин бандагони Худо яъне Паёмбарони илоҳӣ, сиддиқину шуҳадо ҳамроҳ хоҳад буд ва ин мақому мартабае аст, ки ҳар кас наметавонад ба он бирасад.

Мазаммати бекорӣ

Дар Ислом кор амри муқаддас аст ва бекорӣ мазаммат ва накуҳиш шудааст. Паёмбари Аъзам(с) фармуд:

« مَلْعُونٌ مَنْ اَلْقَي كَلَّهُ عَلَي النَّاسِ».[10]

“Ҳар касе, ки бекор гардад ва сангинии (иқтисодии) худро бар души мардум бияндозад, малъун аст ва лаънати Худо шомили ӯст”. Яъне инсони бекор мумкин аст барои таъмини ниёзҳои зиндагиаш маҷбур шавад динашро бифурушад то зиндагиашро идора кунад, монанди касоне, ки даст ба дуздӣ мезананд. Ҳар амали хилоферо соҳиби неъмат аз ӯ дархост кунад, анҷом медиҳад ва аз роҳи ҳақ хориҷ мешавад ва ба хотири моли дунё чашми ӯ ҳақро намебинад ва бо харҷи динаш зиндагӣ мекунад ва дар қиёмат гирифтори азоби дардноки илоҳӣ мегардад.

Натиҷа

Кор аз дидгоҳи он ҳазрат(с) вазифаи табии инсон буда, сабаби рушду пешрафти фарду ҷомеа ва рози шодобии инсонҳост.

Вақте сухан аз касбу кор, коргару корманд мешавад, ба маҳрумиятзудоиҳо ва таъмини ниёзҳои ҷомеа ва аз байн бурдани фақру эҷоди имконоту шароити лозим барои ҳамаи мардум дар ҷиҳати иштиғол ишора мешавад.

Дастуроти динии мо аз худи касбу кору талош ба унвони як арзиш ёд мекунанд. Аз он ҷо ки яке аз аҳдофи олӣ дар ҷомеаи исломӣ иззат, сарбаландии мардум ва таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ аст ва дар ин замина дар дини муқаддаси Ислом ба хусус дар суханони Расули Акрам(с) дастурҳои лозим ворид шудааст, лозим аст ҷавонон ва табақаи заҳматкаш ва коргари ҷомеа, бо истифода аз роҳнамоиҳои он ҳазрат вориди касбу корҳои ҳаром ва хилофи шаръи муқаддаси Ислом мисли қиморбозӣ, шаробфурушӣ, ришвагирӣ, рибохурӣ нашаванд ва шуғл, ҳунар ва корҳоеро барои таъмини ниёзҳои иқтисодию молии худ интихоб намоянд, ки ҳалолу дуруст бошад.

А. Мирзо

[1] Сураи Зориёт, ояти 56 “وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُوا”- “Ман ҷинну инсро наёфаридам ҷуз барои ин ки ибодатам кунанд”.

[2] Сунануннабӣ, ҷ.1, саҳ. 88

[3] Сураи Ғофир, ояти 40

[4]Файзулқадир, шарҳи Ҷомеуссағири Абдуррауфи Мановӣ, ҷ.2, саҳ. 293

[5] Табаронӣ, Муъҷамулкабир, таҳқиқи Ибни Абдулмаҷид, ҷ.5, саҳ. 71, ҳадиси 4616

[6]Шуабулимон, Абӯбакри Байҳақӣ, ҷ.7, саҳ. 298, ҳадиси 10374

[7] Ҳамон ҷ.2, саҳ. 88, ҳадиси 1237

[8] Усдулғоба, Ибни Асир, ҷ.1, саҳ. 424

[9]Эҳёи улуми дин, Ғаззолӣ, ҷ.2, саҳ. 349; Сунани Дорамӣ, ҷ.2, саҳ.322, ҳадиси 2539

[10]Иззуддин Баҳрулулум, Алитқон фи сабилиллоҳ, саҳ. 41

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст