Инсон дар намоз Худовандро ҳамду сипос мекунад, ки холиқи тамоми ҳастӣ аст. Сарчашмаи тамоми раҳматҳо ва баракот аст. Молики рӯзи қиёмат ва ҷазо аст.
Касе, ки ҳамду санои худро нисори ин вуҷуди муқаддас бо ин хусусиёт мекунад ҳаргиз ҳозир нест барои ҳар чизи паст ва ҷузъӣ ва дар баробари ҳар қудрати ночизе ситоиш кунад.
Забоне, ки саногӯи холиқи ҳастӣ шуд, дигар тан ба саногӯии ҳар нолоиқе намедиҳад. Фаромӯш накунем, ки имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод) фармуд: Касе, ки васли ба Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) бошад ва аз домани Заҳро (Дуруди Худо бар ӯ бод) бархоста бошад, байъати Язидро нахоҳад пазируфт.
Оре ... ситоиши ӯ на дигарон,
санои ӯ на тоғутҳо,
санои ӯ барои раббилоламин буданаш,
раҳмону раҳим буданаш,
молики рӯзи дин буданаш,
шоистаи ибодат буданаш,
танҳо кӯмаккунанда буданаш,
ҳидоятгар буданаш,
ва неъмат доштанаш,
дигарон чӣ ва кӣ ҳастанд ва чӣ қудрате доранд, ки ман саногӯи онҳо бошам? Ба хусус, ки мусулмон медонад агар золиме ситоиш шавад арши Худованд ба ларза медарояд.
Бино бар ин санои ӯ, ончунон рӯҳи бузурге ба мо медиҳад, ки дигар ҳозир ба санои дигарон намешавем ва ин рӯҳи бузургро аз намоз ва ҳамд метавон ба даст овард.
Намоз ва рӯҳи бузург
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1243