Сураи <<Таквир>>
Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 29 оят аст

Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар
1 Дар он ҳангоме, ки хуршед дар ҳам печида шавад.
2 Ва дар он ҳангоме, ки ситорагон бефурӯғ шаванд.
3 Ва дар он ҳангоме, ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд.
4 Ва дар он ҳангоме, ки бо арзиштарин амвол ба дасти фаромӯшӣ супорида шавад.
5 Ва дар он ҳангоме, ки ҷонварони ваҳшӣ ҷамъ шаванд.
6 Ва дар он ҳангоме, ки дарёҳо барафрӯхта шаванд.
7 Ва дар он ҳангоме, ки ҳаркас бо ҳамсони худ якҷо шаванд.
8 Ва дар он ҳангоме, ки аз духтарони зинда ба гӯр шуда савол шавад:
9 Ба кадомин гӯноҳ кӯшта шуданд?!
10 Ва дар он ҳангоме, ки номаҳои аъмол кӯшода шавад,
11 Ва дар он ҳангоме, ки парда аз рӯи осмон гирифта шавад,
12 Ва дар он ҳангоме, ки Дузах шӯълавар гардад,
13 Ва дар он ҳангоме, ки Биҳишт наздик шавад,
14 (Бале дар он ҳангом) ҳаркас медонад чи чизро омода карда аст,
15 Савганд ба ситорагоне, ки боз мегарданд,
16 Ҳаракат мекунанд ва аз дидаҳо пинҳон мешаванд,
17 Ва қасам ба шаб ҳангоме, ки пушт кунад ва ба охир расад,
18 Ва сӯбҳ ҳангоме, ки бидамад,
19 Ки ин Қуръон гуфтори фиристодаи бузургвор аст(Ҷабраили Амин)
20 Ки соҳиби қудрат аст ва назди (Худованд) соҳиби Арш ва мақоми воло дорад!
21 Дар осмонҳо мавриди итоъати (Фариштагон) ва амин аст.
22 Ва ёри шумо (Паёмбари) девона нест.
23 Ӯ (Ҷабраилро) дар каронаи рушан дида аст.
24 Ва ӯ нисбат ба он чӣ аз ғаӣб дарёфт намудаст бухл  надорад.
25 Ин (Қуръон) гуфтаи шайтони раҷим нест.
26 Пас ба куҷо меравед?!
27 Ин Қуръон чизе ҷӯз панд ва ёдоварӣ барои ҷаҳониён нест,
28 Барои касе аз шумо, ки бихоҳад раҳи рост дар пеш гирад.
29 Ва шумо ирода намекунед магар ин ки Худованд. Парвардигори ҷаҳониён ирода кунад ва бихоҳад.

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст