Худои Мутаол дар ояти 9 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَقَالَتِ امْرَأَةُ فِرْعَوْنَ قُرَّةُ عَيْنٍ لِي وَلَكَ لَا تَقْتُلُوهُ عَسَى أَنْ يَنْفَعَنَا أَوْ نَتَّخِذَهُ وَلَدًا وَهُمْ لَا يَشْعُرُونَ (9)
Ва чун ҳамсари Фиръавн (эҳсос кард, ки онҳо қасди куштани кӯдакро доранд ба Фиръавн) гуфт: Ӯро накушед, ки ӯ равшании чашми ману туст. Шояд ба мо суде бирасонад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем? Вале онҳо намефаҳмиданд, ки чи касеро дар оғуши хеш мепарваронанд.
Бояд бидонем:
Дар зиндагии ҳазрати Мусо(а) чанд зан нақши асосӣ доштанд. Модари Мусо, хоҳари Мусо, зани Фиръавн ва ҳамсари Мусо. Дар ин оят нақши зани Фиръавн дар пешгирӣ аз қатли ӯ баён шудааст.
Бояд биёмузем:
1.Занон дар умури иҷтимоӣ таъсиргузоранд.
«قالت امرأت فرعون» (Зани Фиръавн назари Фиръавнро тағйир дод ва шавкату салтанат ва сарвати Фиръавн ҳеҷ як монеи ӯ нашуд.)
2.Бо тарҳи пешниҳодҳои дурусту ошкор ва саривақтӣ аз баёни тарҳҳои инҳирофӣ пешгирӣ кунем. Қабл аз он ки Фиръавн тасмими худро иброз кунад ҳамсараш роҳи дурусти бархурд бо масъаларо баён намуд.
«قالت امرأت فرعون قُرّة عين لى و لك لاتقتلوه»
3.Дар баёни пешниҳодҳо аз калимоти отифӣ ва дилнишин истифода кунем. «قُرّة عين لى ولك»
4.Дилҳои ҳама ба дасти Худост. Ӯ метавонад сахттарин дилҳо ҳамчун дили Фиръавнро низ нарм созад. «قُرّة عين لى ولك»
5.Дар бархурд бо мункарот ибтидо аз роҳи отифӣ ворид шавем ва сипас амру наҳй кунем. «قرة عين لى و لك لا تقتلوه»
6.Аз наҳй аз мункари забонӣ ғафлат наварзем, ки бисёр корсоз аст. «لاتقتلوه» Зани Фиръавн бо гуфтани «لاتقتلوه» аз куштани Мусо(а) пешгирӣ кард, чунонки яке аз бародарони Юсуф(а) бо гуфтани «لاتقتلوا يوسف» аз куштани Юсуф(а) пешгирӣ кард.)
7.Занон дар наҳй аз мункар, собиқаи дурахшон доранд. «لاتقتلوه»
8.Тоғутҳо аз ибтидоитарин авотифи инсонӣ низ бебаҳраанд ва ниёз ба ёдоварӣ доранд. «لاتقتلوه»
9.Фоидаи амр ва наҳйро бигӯем, то мардум осонтар бипазиранд. «لاتقتلوه عسى أن يَنفعنا»
10.Дар низоми тоғутӣ меъёри қабул ё радди қавонин, ҳавасҳо ва манофеи шахсии тоғутҳост. Қонуни қатли умумии навзодони писар бар асоси манофеи шахсии Фиръавн вазъ шуд ва боз бар пояи умед ба манофеи оянда дар мавриди навзоди обоварда, ки ҳамон ҳазрати Мусо(а) буд, ҳамин қонун лағв шуд. «لاتقتلوه عسى أن يَنفعنا»
11.Бархе инсонҳо дар зоҳир бисёр баландпарвоз ҳастанд, вале дар ботин асири ниёзҳои дарунии хеш ҳастанд. Фиръавн, ки иддао мекард: «انَاربّكمالاعلى» Саранҷом мепазирад, ки мумкин аст, як навзоди обоварда барои ӯ судманд воқеъ шавад. «عسى أن يَنفعنا»
12.Худованд, Фиръавнро аз фарзанди писар маҳрум дошта буд, то ӯ бо пазириши навзоди обоварда ба ҳақорат ва аҷзи худ бештар пай барад. «نتّخذه ولدا»
13.Гоҳ эҷоди алоқа ва муҳаббат миёни афрод бар асоси як масъалаи ғайбӣ аст, ки худи тарафайн низ аз он ғофиланд. «وهم لا يشعرون»
Зани сарнавиштсоз
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1273