Фаластин сарзаини хуҷаста ва бо барокат ва муқадаси аст ки саршор аз неъматҳои худованди мутаол мебошад ва Масҷидул ақсо ки дар ин сарзамин воқеъ шудааст қиблаи аввали мусалмонон ва дорои фазилати фаровони мебошад, зиро (Байтул муқадас ) маҳали бисёри аз паёмбарони илоҳи ва ҳазрати Мариям(а) ва нуқтаи шуруъи меъроҷи паёмбари ислом (с) ба осмонҳо буда ва куҳи тури он, маҳали муноҷот ва нузули ваҳй ба ҳазрати Мусо (а) ва соири паёмбарон будааст. Дар қурони карим, оёти фаровон дар бораи аҳмият, арзиш ва ҳаводиси дигари ки дар ин сарзамини муқадас ва тули торих воқеъ шуде, омадааст ки бархи аз онҳо ишора мешавад: Фаластин ва масҷидул ақсо нуқтаи оғозини меъроҷи Паёмбари акрам (с) ба суи осмонҳо будааст, чунонки Худованди мутаол мефармояд: пок ва муназааст Худои ки бандаашро дар як шаб аз Масҷидул ҳаром ба Масҷидул ақсо ки гирдогирдашро пур баракат сохтим бурд, то оёти худро ба ӯ нишон даҳим ӯ шунаво ба бино аст.
.сарзамини Фаластин сарзамини пур баракат ва пур неъмат аст.(асро, 1, анбиёъ, 81; муъминун,51)
.торихи бани Исроил ва мардуми Фаластин ва фароз ва фуруди он. (асроъ, 4,8;моида, 20,26)
.Маҳали муноҷоти ҳазрати мусо ва нузули ваҳй ба он ҳазрат.(бақара, 63ва93аъроф, 142,143; нозиот, 15 ва 16)
.Сарзамини Фаластин маҳали бисёри аз Паёмброн ва беъсати бисёри аз Паёмбарони илоҳи аст; монанди ҳазрати Исо(а).
.Султаи бани Исроил баъд аз Фиръавн бар Фаластин.(асроъ106)ва....