Худои Мутаол дар ояти 5 сураи муборакаи Қасас мефармояд:
وَنُرِيدُ أَنْ نَمُنَّ عَلَى الَّذِينَ اسْتُضْعِفُوا فِي الْأَرْضِ وَنَجْعَلَهُمْ أَئِمَّةً وَنَجْعَلَهُمُ الْوَارِثِينَ
Ва мо ирода кардем, ки бар касоне, ки дар замин ба заъф ва забунӣ кашида шуданд миннат гузорем ва онҳоро пешво ва ворисони рӯи замин қарор диҳем.
Бояд бидонем:
Миннат дар ин ҷо ба маънои неъмати бузург ва боарзиш аст,  на миннати забонӣ, ки бозгӯ кардани неъмат ба қасди таҳқири дигарон бошад ва мусалламан кори зишт ва нописанде аст.
Шакке нест, ки ҳар гоҳ Худо бихоҳад коре анҷом шавад қатъан мешавад ва ҳеҷ чизе наметавонад пеши роҳи он гирад. Худованд мефармояд:
 «انّما أمره اِذا أراد شيئاً أن يقول له كُن فيكون» 
 Ҳамоно фармони ӯст, ки ҳар гоҳ чизеро ирода кунад, ки бошад пас он чиз хоҳад буд ва анҷом мешавад.
НЕЪМАТҲОИ ХОС
Бо ин ки ҳамаи неъматҳо аз ҷониби Худованд аст ва бандагон дар ҳар неъмате раҳини миннати ӯ ҳастанд, лекин ӯ дар хусуси чанд неъмат таъбир ба миннат фармуда, ки табиатан аз аҳамияти зиёде доранд. Аз ҷумла;
1) неъмати Ислом «كذلك‏كنتم‏مِن‏قبل‏فمَنّ‏اللّه‏عليكم»  
2) неъмати нубувват «لقد مَنّ اللّه على المؤمنين اذ بَعثَ فيهم رسولاً»  
3) неъмати ҳидоят «بل اللّه يمُنّ عليكم أن هَداكم» 
 4) неъмати ҳокимияти мӯъминон «و نُريد أن نمُنّ على الّذين استضعفوا فى الارض..
ҲУКУМАТИ СОЛЕҲОН
 Масъалаи ҳокимияти мустазъафон (нотавоншудаҳо) бар замин бо иборатҳо ва баёнҳои мухталиф дар Қуръон омадааст.
1) Худованд ба касоне, ки имон оварда ва кори шоиста анҷом додаанд ваъдаи хилофат дар заминро дода аст.  «وَعَداللّه الّذين آمنوا منكم و عملوا الصالحات ليستخلفنّهم فى الارض» 
 2) Баъд аз он ки ақвоми ситамгари пешинро ҳалок кардем шуморо ҷонишинони замин қарор додем. «و لقد اهلكنا القرون من قبلكم لمّا ظلموا... ثم جعلناكم  خلائف فى الارض» 
3)  Бандагони солеҳ вориси замин мешаванд. «انّ الارض يرثها عبادى الصالحون»
 4) Мо мустазъафон (нотавоншудаҳо)-ро вориси шарқ ва ғарби замин гардонидем.
كانوايستضعفون مشارق الارض و مغاربها»   «واورثناالقوم‏الّذين
 5) Мо ситамгаронро нобуд ва баъд аз он шуморо сокини замин мегардонем.«لنهلكنّ‏الظالمين ولنسكننّكم‏الارض‏من‏بعدهم» 
Мурод аз мустазъафон дар ин оят бо таваҷҷӯҳ ба маҷҳул будани феъл касоне ҳастанд, ки худ дар ин нотавон шудан нақше надошта ва истикбор онҳоро ба нотавонӣ кашида бошад.
Бояд биёмӯзем
1.Ҳукумати ҷаҳонии мустазъафин (нотавоншудаҳо) ва ҳимоят аз мазлумони таърих, ирода ва хости Илоҳӣ аст. «نُريد»
2. Дар ҳукумати худкомаи тоғутӣ неруҳои коромад ба заъф кашонда мешаванд. «استضعفوا»
3. Оянда аз они мустазъафон аст. «نجعلهم ائمّة...»

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст