Худои Мутаол ба Паёмбари Аъзам(с) дастур медиҳад:
وَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ وَكَفَى بِاللَّهِ وَكِيلاً
Ва бар Худованд таваккул кун! Ва ҳамин баски Худованд вакил ва нигаҳбон (-и ту) аст. Сураи Аҳзоб, ояти 3
Аз ин ояти шарифа меомӯзем:
1- Аввалин мухотаби дастурҳои Худо Паёмбари Аъзам (с) аст, то улгӯи амалӣ ва ҳақиқӣ барои анҷоми дастури Худо бошад ва дигарон ҳам дунболи ӯ бираванд.
2- Маъмурият ниёз ба ҳимоят дорад. Худо ба Паёмбар вазифа медиҳад, ки аз кофирон ва мунофиқон итоат накун ва аз ҳамаи он чӣ (комил) ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун. Накун-бикун. Ҳол барои анҷоми ин вазифа ниёз ба пуштибон дорӣ худи Худо ба ӯҳда гирифтааст.
3- Итоат накардан аз кофирон ва мунофиқон (ояти 1) ва пайравии комил аз ваҳй (ояти 2), мушкилоте дорад, ки фақат бо таваккул ба Худо метавон дар баробари он истод.(Ояти 3)
4- Вазифаат равшан аст. Ба он бояд амал кунӣ. Барои амал ба он ба Худо таваккул кун. (Таваккул танбалӣ нест, балки барои амал ба вазифа аст.)
5- Раҳбар беш аз дигарон дар хатар ва аҳамият аст аз ин рӯ ба танҳоӣ баён мешавад. Дигарон ба ӯ нигоҳ мекунанд ва аз ӯ ёд мегиранд.
6- Мардум бояд вазифаи раҳбарро бидонанд то бо меъёр ӯро арзёбӣ ва улгугирӣ кунанд. Вазифаи раҳбар итоат накардан аз кофирон ва мунофиқон ва пайравии комил аз ваҳй ва амалӣ кардани он бо таваккул бар Худост.
7- Ҳар кӣ бомаш беш барфаш бештар. Ҳар кӣ неъмати зиёд ва мақоми арзишманду воло дорад масъулияташ ва хатарҳояш ҳам бештар аст. Барои анҷоми ин масъулият ба Худо бояд таваккул кард.
8- Бидонем, ки ҳамаи мо васила ҳастем. Соҳиби аслии дин ва барнома Худост. Мағрур нашавем. Душманони ҳақ дар муқобили ҳақ ва аҳли ҳақ меистанд ва мушкилот эҷод мекунанд. Бояд бо такя бар ӯ истод. Маъюс нашавем.
9- Саъй кунем далели дастурҳоро баён кунем. «Таваккул бар Худо - кофӣ будани ваколати Худо»
10- Касе, ки Худо дорад чӣ надорад ва касе Худоро надорад чӣ дорад?
11- Дар дунё афрод ба вакиле, ки миқдоре илму маҳорат дорад такя мекунанд ва корҳояшонро вогузор мекунанд мо набояд ба холиқу розиқу қодиру алиму ҳаким ва ... такя кунем ва корҳои худро ба ӯ вогузор кунем? Дар ҳоле ки мебинем, ки дар хеле аз маворид худи вакилҳо ҳам гирифтор мешаванд ва ё эълом мекунанд, ки мо тавони пайгирӣ ва дифоъ аз ҳаққи шуморо надорем.
12- Намунаи олии таваккул вуҷуди нозанину нуронӣ ва осмонии Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Салавоту дуруди Илоҳӣ бар ӯ ва оли ӯ бод) аст. Замоне ки даъватро шурӯъ кард ва то тавфиқи Илоҳӣ таъсир гузошт мушрикони Макка ва сарони кофири Қурайш ба назди Абӯтолиб амӯ ва ҳомии ҳазрат омаданд ва аз ӯ хостанд, ки бо бародарзодааш сӯҳбат кунад. Онҳо пешниҳод карданд, ки агар Муҳаммад дунболи раёсат, сарват, шаҳват ва ... аст мо ҳозирем ба ҳамаи хостаҳояш амал кунем, ба шарти ин ки аз даъват даст бардорад ва коре ба бутҳо ва бутпарастии мо надошта бошад. Паёмбари Аъзам(с) дар ҷавоби хостаи сарони куфру ширки Қурайши Макка фармуд: Агар хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман бигузоранд то аз ин даъват даст бардорам ҳаргиз чунин коре нахоҳам кард. Аҳамият ва азамати таваккули Паёмбари Аъзам(с) вақте маълум мешавад, ки бидонем дар чӣ замон ва шароите онро бо ин қотеият ва сароҳату шаффофият баён карданд.
Худоё, моро бо вазифаамон ошно кун! Барои амал ба он тавфиқ деҳ! Дар баробари сахтиҳо ба мо тавфиқи таваккул ба худат иноят кун! Моро дар баробари мушкилот ва имтиҳонҳо сарбаланд ва комёб берун биёр ва аз мо ҳимоят кун! Моро қадрдони неъматҳоят бигардон! Моро қадрдони неъмати арзишмандат Паёмбари Аъзам(с) қарор деҳ! Касоне, ки омодагии пазириши ҳақ доранд дасташонро бигир! Оқибати моро хатми ба хайру саодат намо!
Аллоҳумма саллӣ ало Муҳаммадин ва Оли Муҳаммадин