Аз куҷо бидонем, ки то кунун касоне ба муориза бо Қуръон барнахостанд ва монанди он наёварданд? Шояд бархостанд ва оёте ҳамчун оёти Қуръон оварданд, вале дар гузари замон аз байн рафта ё мусулмонони мутаассиб онро нобуд кардаанд?
Гарчи посухи ин савол барои касони ки итилооти васиъи аз торихи Ислом ва вазъи мухолифони Ислом доранд, рувшан аст. Аммо қатъи назар аз ин, агар ҷаҳоти зерро комилан мувриди таваҷҷуҳ қарор даҳим, хоҳим донист ин еҳтимол, як эҳтимоли маҳол ва ғайри қобили қабул аст, зиро:
1-Ҳам дар замони Пайғамбар(с) ва ҳам баъд аз реҳлати он ҳазрат, дар дохили кишварҳои исломи, ҳато дар худи Макка ва Мадина, Масиҳиён ва Яҳудиёни сарсахт ва мутаассиб мезистанд ки барои таъзиби мусалмонон аз ҳар фурсати истифода мекарданд ва тибқи мадорики дар даст ҳаст бо ҳам маслакони худ дар хориҷи мамолики исломи низ бе иртибот набуданд.
Агар барости касони ба муъориза бо қурон бархоста буданд ва китоби ҳамонанди Қурон оварда буданд, ба ҳар қимати ки буд онро ҳифз мекарданд ва ба хориҷ низ мефиристодан, ва ғайри мусалмонон дар таворихи худ ном ва мушахасоти оварандаи онро забт менамуданд.
Баалова, ба гувоҳиӣ таворихи ислом ва торихҳои ки ғайри мусалмонон нигошта шудаан, ҳамеша дар миёни мусалмонон, ҷамъи (мусалмоннамо) қурон онҳоро мунофиқ ном наҳоде зиндаги мекардан, ки нақши ҷосуси бигонагонро низ бауҳда доштанд. (монанди ончи дар бораи (Абуомир) роҳиби насрони ва ҳам дастони ӯ аз мунофиқони Мадина ва чигунаги иртиботи онҳоро бо эмпиротуриӣ Рум, дар таворих нақл шуда ки мунтаҳо ба сохтани масҷиди заро дар Мадина шуд ва саҳнаи аҷибиро ки қурони маҷид дар сураи (бароат) ба он ишора кардааст ба вуҷуд овард).
Мусалламан ин даста аз мунофиқони ки нақши сутуни панҷуми бигонагонро дар Пойтахти ислом доштанд, ба диқат муроқиби увзои муслимин буданд ва аз ҳар ҷараёни ки ба суди бегонагон ва ба зиёни мусалмонон буд истиқбол мекарданд. Батаври қатъ, агар онҳо дастраси бачунин китоби ёфта буданд дар ҳифз ва нигоҳдори он кутоҳи намемуданд.
Мусалламан эҳтимоли чунин чизи дар замонҳои баъд аз Паёмбар(с) ки Ислом тувсия ёфта ва рафт ва омади бегонагон дар Мамолики исломи зиёдтар шуда буд, бисёр баидтар ба назар мерасад.
2-қурон дар оёти мутааддиди- ҳам дар Мака ва ҳам дар Мадина- таҳади ва даъват ба мубориза кардааст, бовар кардани нест кӣ мухолифони Ислом бо қурон мубориза карда бошанд ва Паёмбари Ислом(с) онро нодида гирифта бошанд ва боз ҳам даъвати худро такрор кунад, агар ӯ ҳам нодида мегирифт тоза мусалмонони кӣ дар кучиктарин масоил ирод мегирифтанд ва тавзиҳ мехостанд нодида намегирифтанд ва Паёмбарро дар фишор мегузориданд то лоақал дар баробари муоризаи мухолифон тувзиҳи бидиҳанд. Бо ин ки дар ҳич як аз торихҳои исломи чунин чизи дида намешавад ки мусалмонон чунон тувзиҳи аз Пайғамбари Ислом (с) хоста бошанд.
3- Дар замони мо ва асрҳои наздик ба мо, дастгоҳои таблиғоти Калисо ва соири мухолифони Ислом дар саросари ҷаҳон таблиғоти васиъ ва доманадори бар зидди мусалмонон доранд, зеро хатарноктарин ва сарсахтарин рақиби худро Ислом, бо он оини ҷомеъ ва васиӣ ҷаҳони, ташхис доданд.
Онҳо харҷҳои калони дар ихтиёр доранд, ва ба дурдасттарин нуқоти Ҷаҳон маблағ мефиристанд, ҳато дар миёни ваҳшиёни одамхур! Китобҳои таблиғоти онҳо ҳамаҷо (ҳато кишвари мо) ро ҳам пур карда аст.
Онҳо нависандагони тавонои Масиҳи ва Арабиюл асл дар ихтиёр доранд. Метавонанд бо харҷҳои калон афроди дигариро низ ихтиёр кунанд, мусалламан агар онҳо метавонистанд оёти биёваранд ки бо оёти қурон рақобат кунад, тардиди ба худ роҳ намедоданд, зеро дар ин сурат сангар бузургиро фатҳ карда буданд. Ва як василаи муассири таблиғи ба чанги онҳо меафтод ва ба ин васила мусалмононро халъи силоҳ мекарданд! Аммо наёварданд, чун наметавонистанд ва нахоҳанд тавонист.