Баъд аз ҳудуди 15 сол (13 сол дар Маккаи Мукаррама ва ҳудуди ду сол дар Мадинаи Мунаввара), ки мусулмонон ба сӯи “Байтулмуқаддас” намоз мехонданд, вақте ба ҳикмати Худои Мутаол қибла ба сӯи “Каъба” тағйир кард, барои мусулмонон савол пеш омад, ки намозҳои гузаштаи мо чӣ ҳукме дорад?
Ин масъаларо аз Паёмбари Аъзам(с) пурсиданд.
Оят нозил шуд, ки намозҳои пешинаи шумо дуруст аст ва Худованд подоши намозҳои шуморо аз байн намебарад. Қуръони Карим мефармояд:
وماكان اللّه ليضيع ايمانكم
Худованд имони шуморо зоеъ намекунад. Сураи Бақара, ояти 143
Яъне ба ҷои ин ки бигӯяд: Намозҳоятон аз байн нарафта ва дуруст аст, мефармояд: Имонатон зоеъ нашуда, ки ин сухан нишондиҳандаи он аст, ки намоз яъне имон ва тарки намоз яъне тарки имон.
Намоз яъне имон
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1127