Худои Мутаол дар баёни Паёмбари Аъзам(с) мефармояд:
لَقَدْ جَآءَكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Ҳамоно Паёмбаре аз худатон ба сӯи шумо омадааст, ки ончи шуморо биранҷонад ва ба заҳмату сахтӣ бияндозад бар ӯ сахт аст. Бар ҳидояти шумо ҳарис ва дилсӯз ва ба мӯъминон рауф ва меҳрубон аст. Сураи Тавба, ояти 128
Бояд бидонем, ки
1. Худованд ҷуз бар Паёмбари Ислом(с) бар ҳеҷ як аз паёмбарон ду ном -«Рауф ва Раҳим»- аз номҳои худро ба кор набурдааст.
2. Диққат ба сифоти раҳбарони осмонӣ, ки дар ин оят баён шудааст ва муқоисаи онҳо бо сифоти дигар раҳбарони башарӣ, лутфи Худоро ба башар ва лозим будани итоати комил аз ин гуна раҳбаронро нишон медиҳад.
Бояд биёмӯзем, ки
1- Худованд дар ҳақиқат раҳбар, пешво, роҳнамои ҳидояти мардум ба сӯи саодат фиристодааст ва онҳоро раҳо накардааст.
2- Ҳуҷҷат барои ҳама тамом аст ва касе узр надорад, ки роҳнамо надоштам то роҳро аз чоҳ фарқ кунам.
3- Расул ба суроғи мардум ва уммат меравад.
4- Расул ва раҳбар аз худи мардум аст то битавонад дарди онҳоро бишиносад ва онро бо амали худ дармон кунад.
5- Расул ва раҳбар барои ҳамаи инсонҳо аст ҳарчанд гурӯҳе бо ихтиёр ва интихоби нодуруст худро аз раъфат ва раҳмати он маҳрум кунанд.
6- Ин пешво воқеан дилсӯз ва ғамхори уммат ва башарият аст, то ҳадде ки дар ин роҳ наздик аст ҷони худро аз даст диҳад ва аз сахтиҳое, ки ба инсонҳо мерасад ранҷ мебарад ва оромиш надорад ба ҳадде ки фармуд: Ҳар ки субҳ кунад ва ба умури мусулмонон бетафовут бошад мусулмон нест.
7- Раҳбару пешвои Илоҳӣ бар ҳидоят ва саодати инсонҳо дар чорчуби итоат ва ибодати Худо чунон ҳарис аст, ки дӯст надорад ҳатто як нафар аз саодат маҳрум бошад ва дар ин роҳ талош мекунад.
8- Имон сабаби баҳрамандии хос аз раҳмати ин пешвои Илоҳӣ аст, чун Худо ӯро раҳмат барои ҳамаи оламиён фиристодааст, вале аз раҳмати хос ва раъфаташ фақат мӯъминон бархурдор мешаванд ва дар баробари душманон ва мухолифони ҳақ шадид ва сахтгир аст.
9- Раҳбар ва пешвои Илоҳӣ аз мардум, дар миёни мардум ва дар хидмати мардум аст то онҳоро бо раъфат ва раҳмат ба сӯи саодат ҳидоят намояд.
10- Аз авомили таъсири калом дар дигарон хайрхоҳӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, чашм надоштан ва тавозӯъ аст.
11- Худои рауфу раҳмону раҳим раҳбар ва пешвои рауфу раҳим мефиристад то намунае аз раъфат ва раҳматашро ба бандагонаш нишон диҳад.
12- Шинохти раҳбари Илоҳӣ бо ин сифатҳои мутаолӣ вазифаи инсонҳо махсусан мӯъминон аст то гирифтори фароде ба сурати инсон ва сирати дев нашаванд. Гар гадо коҳил бувад тақсири соҳибхона нест.
13- Худо вазифаи худро бо фиристодани китоб-нақшаи роҳ- ва Паёмбар –нақшахон ва роҳнамо- ва Паёмбар бо баёни боамонати паёми Худо ва амали комил ва дақиқ тибқи он анҷом доданд ва мо ҳам бо шинохти дурусту дақиқ ва имону амали солеҳ дар ин чорчуб ба вазифаи худ амал кунем, пеш аз он ки фурсатҳо аз даст бираванд ва пушаймонӣ надорад ҳеҷ суде.
14- Бояд бо таърих ва сира ва сахтиҳое, ки Паёмбари Аъзам(с) дар роҳи ҳидояти инсонҳо кашид ва пешбинӣ кард ошно шавем то қадри ин неъмати гаронбаҳои Илоҳиро бидонем ва ба вазифаи худ амал намоем то мо ҳам дар ин ҳаракати бо баракат саҳми худро бигузорем.
Худор шукру сипос, ки моро чунин раҳбари дилсӯзи осмонӣ ва Илоҳӣ ато кардааст ва аз бероҳа дур ва аз шаётини инсу ҷин бениёз намудааст. Умедворем бо тавфиқи Худои Мутаол бо имони ростин ва амали солеҳ аз баракат, раҳмат ва раъфати ин Паёмовари сулҳу ваҳдат, илму маърифат, ҳидояту неъмат ва саодат дар дунё ва охират баҳраманд гардем!