Худои Мутаол ба ҳазрати Паёмбари Аъзам(с) мефармояд:
وَاتَّبِعْ مَا يُوحَى إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ بِمَا تَعْمَلُونَ خَبِيراً
Ва аз он чӣ аз сӯи Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед бохабар аст. Сураи Аҳзоб, ояти 2
Аз ин оят меомӯзем, ки
1- Ҳар гоҳ роҳи инҳирофӣ -итоат аз кофирон ва мунофиқон-ро мебандед, роҳи равшан ва дуруст –пайравӣ аз ваҳй-ро боз кунед.
2- Дин наҳй аз мункар - итоат аз кофирон ва мунофиқон- ва амр ба маъруф - пайравӣ аз ваҳй- аст.
3- Роҳи расидан ба тақво танҳо дар пайравии комил аз ваҳй аст. Дар ояти якум фармуд: ”Тақвои Илоҳӣ дошта бош!” Дар ин оят мефармояд: “Аз ҳар он чӣ ба ту ваҳй мешавад пайравӣ кун!” Дин маҷмӯаи комил аст ва барномаҳояш бо ҳам пайванд доранд. Агар намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва монанди он нишонаи тақво ва вазифаи воҷиби мӯъминон аст итоат накардан аз кофирон ва мунофиқон ҳам нишонаи тақво ва вазифаи мӯъмин аст. Барои мудирият ва тарбияти ҷомеа ҳам барнома дорад. Ин қабул нест, ки дар масҷид мусулмон бошӣ, вале дар сиёсат, иқтисод, вазъи қавонин ва равобит бо дигарон ҷудо аз дин амал кунӣ.
4- Ваҳй аз шуъуни рубубияти Худованд аст. Фармуд: “... аз тарафи Парвардигорат.” Пайравӣ аз ваҳй сабаби рушд ва тарбияти дурусти шумост.
5- Имон ба бо хабар будани Илоҳӣ аз тамоми амалҳои бандагон қавитарин аҳрум барои пайравӣ аз ваҳй аст.
Худоё, эй мураббии ҳақиқии ҳамаи ҳастӣ, шинохти дин ва амали солеҳ кардан дар чорчуби дин ва баҳрамандӣ аз хайру баракати он дар дунё ва охират ба ҳамаи мо марҳамат намо!
Нишонаи тақво - 2
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1227