Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: Барои ҳар уммате паёмбаре аст. (Сураи Юнус, ояти 47)
Худованд ҳеҷ гоҳ мардумро бе роҳнамо ва раҳбари осмонӣ нагузоштааст. (Сураи Раъд, ояти 7) Яъне дар ҳар замону маконе бояд мардум роҳнамои зинда дошта бошанд. Дар зимн бояд бидонем, ки анбиё(а) танҳо дар минтақаи хоссе набудаанд, балки ҳар куҷо уммате буда роҳнамо будааст. Худованде, ки ба мардум лутф ва меҳрубонӣ дорад ҳаргиз мардумро бе роҳнамо намегузорад ва ҳаргиз заминро холӣ аз ҳуҷҷат нагузорад.
Гарчӣ инсон гоҳе бо фикру ақл ва гоҳе бо илму мутолиа ва гоҳе бо машварат ва гоҳе бо эҳсос ва виҷдон ва гоҳе бо таҷриба худ ва дигарон, метавонад роҳи ҳаққро пайдо кунад, аммо бисёре аз замонҳо пайдо кардани роҳи ҳақ ниёз ба огоҳии комили инсон аз замонҳои гузашта, ҳол ва оянда ва ҳамчунин огоҳии инсон аз худаш дорад. Ин огоҳиҳо танҳо дар ихтиёри офаридагори инсон аст ва илму таҷриба мо ба онҳо намерасад.
Ба ҳамин далел мардум бо ин ки аз илму ақл ва таҷруба истифода мекунанд, ҳар кадом дар тӯли умр садҳо бор аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Пушаймонии инсон нишони он аст, ки илму ақл ва таҷрубаи ӯ ноқис аст. Ин пушаймонӣ аз қадим буда ва ҳаст ва хоҳад буд. Акнун ки хато ва пушаймониҳои мардуми босавод ва бесавод дар кишварҳои пешрафта ва ақибмондаро мушоҳида мекунем, мефаҳмем бояд инсон роҳнамоёне дошта бошад, ки дар камолот аз худи инсон бартар бошанд. Хато ва хилофу пушаймонӣ, ҷаҳлу тарс ва шак дар вуҷудашон набошад ва аз ҳар ҷиҳат амин ва мавриди эътимоди мардум бошанд.
Худованд ононро аз тариқи камолот, мӯъҷизот, қудрати баён, ҳилм ва бурдборӣ, илму шуҷоат бар ҳамаи мардум бартарӣ дода бошад ва мардум дасти худро дар дасти он афрод бигузоранд ва бо роҳнамоии онон дунё ва охирати худро обод кунанд. Номи он роҳнамоён, паёмбарони осмонӣ аст.
Танҳо паёмбаронанд, ки ҳаргиз пушаймон намешаванд, чун сухани онон сухани Худост, ки ҳаргиз пушаймон намешавад. Илми онон аз илми Худост, ки ҳаргиз маҳдудият ва ниҳоят надорад.
Анбиё аз мардум, бо мардум ва дар миёни мардум ва мисли мардум зиндагӣ мекарданд. Дар кӯча ва бозор роҳ мерафтанд. (Сураи Фурқон, ояти 20) Ҳар дастуре, ки медоданд, ибтидо худашон ба он амал мекарданд. Дар миёни мардум содиқ ва амин буданд ва барои ҳидояти мардум ҷонфишонӣ мекарданд.
Мардумро бародари худ медонистанд. (Сураи Шуаро, ояти 124) Иҷоза намедоданд, ки касе дар ситоиши онон чоплусӣ кунад. Худашонро дар зиндагии рӯзмарра, башаре мисли ҳамаи мардум медонистанд. (Сураи Каҳф, ояти 110)
Тамоми анбиё(а) як ҳадаф ва як маъмурият доштанд ва он даъвати мардум ба Худопарастӣ ва дур кардани мардум аз итоати ситамгарону хурофот ва бардоштани одоб ва русуме буд, ки бо ақл созгор нест. Мо дар ҳар уммате расуле барангехтем, ки «Худои якторо бипарастед ва аз тоғут канорагирӣ кунед!» (Сураи Наҳл, ояти 36)
Тамом анбиё(а) мардумро ба ибодат ва намоз супориш мекарданд. Қуръони Карим аз забони ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом) мегӯяд: «Парвардигори ман, ман баъзе аз насламро ба сарзамине, ки қобили кишт нест, дар канори хонаи муҳтарами ту сокин кардаам, Парвардигори ман, то намоз барпо доранд.» (Сураи Иброҳим, ояти 37)
Худо ба ҳазрати Мӯсо(а) мефармояд: Намозро барпо дор, то ёди ман бошӣ. (Сураи Тоҳо, ояти 14)
Ҳазрати Исо(а) мегӯяд: Худованд маро ба намоз супориш кардааст. (Сураи Марям, ояти 32)
Бино бар ин яке аз барномаҳои ҳамаи анбиё, даъвати мардум ба бандагии Худо аз тариқи намоз будааст.
Агар Худованд инсонро бе паёмбар ба ҳоли худ раҳо кунад, ҳар инсоне бо салиқа ва миқдори илми худ роҳеро интихоб мекунад. Дар он роҳ хаёлҳо, васвасаҳо ва фишорҳои ситамгарон ҳар рӯз ӯро ба сӯе мекашонад. Ҳар рӯз инсон роҳе меравад ва фардои он рӯз пушаймон мешавад. Имрӯз бо яке дӯст мешавад ва фардо бо ӯ қаҳр мекунад. Имрӯз як роҳро беҳтарин медонад ва фардо роҳе дигарро.
Ҳаргиз Худованд инсонро ингуна ба ҳоли худ раҳо намекунад.
Худованд дар Қуръон мефармояд: Онон, ки гуфтанд: Худо чизе нозил накарда ва паёмбаре нафиристодааст, дар ҳақиқат Худоро ончунон, ки бояд нашинохтаанд.( Сураи Анъом, ояти 91)
Магар мешавад Худованд инсонро, ки беҳтарин мавҷудоти ҳастӣ аст, ба ҳоли худ раҳо кунад ва барои ӯ роҳнамои маъсум нафиристад? Ҳаргиз чунин нест. Худованд дар Қуръон мефармояд: Мо ҳидояти мардумро бар худ воҷиб кардаем. (Сураи Лайл, ояти 12)
Кӯтоҳ сухан он ки инсон барҷастатарин мавҷуди ҳастӣ аст. Яъне аз ҷимодот ва наботот ва ҳайвонот, барҷастатар ва ҳама чиз барои истифода ӯ офарида шудааст. Агар Худованд аз тариқи паёмбарон башарро роҳнамоӣ накунад, ҳама чиз беҳуда мешавад. Ҳамонгуна, ки агар мудири мадраса барои синфҳо муаллим таъйин накунад ва бачаҳоро ба ҳоли худ раҳо кунад, тамоми будҷаҳои омӯзишу парвариш, мадраса ва обу газ ва барқу телефон ва китобхона ва озмоишгоҳ ба ҳадаф мешавад. Дунё мадрасае аст, ки мардум шогирдони ин мадраса ва анбиё(а) муаллимони он ҳастанд, лекин муаллимоне, ки ҳама чиз медонанд ва ҳаргиз гуноҳ намекунанд ва беҳтарин бандагии Худоро доранд ва дилсӯзтарин мардум ҳастанд ва барои ҳидояти башар то пои ҷон истодаанд ва аз ҳеҷ кас подош ва музд намехоҳанд. Бигӯ: Дар баробари ин (рисолат ва таблиғ), подоше аз шумо наметалабам! (Сураи Анъом, ояти 90)
Дар амал ба дастуроташон, худашон пешгоманд. Дар даъвати худ, мардумро маҷбур намекунанд, балки бо истидлол ва хушахлоқӣ онҳоро даъват мекунанд
Паёмбарон(а) ҳам мардумро ба биҳишти охират ва саодати дунё мужда медоданд ва ҳам ба мардум дар бора кайфари хилофкориҳо ҳушдор медоданд.
Касоне, ки дунболи анбиё(а) мераванд, роҳи мустақим, бехатар, бе иштибоҳ ва умедбахшро мепаймоянд ва касоне, ки аз паёмбарон ҷудо ҳастанд, ҳар рӯз ситамгарони берунӣ ё васвасаҳо ва хаёлҳо ва орзуҳои дарунӣ ва ё одобу русум ва таассуботи қавмӣ ва минтақаӣ, ононро ба сӯе мекашонанд ва дунё ва охирати онҳоро табоҳ мекунанд.
Акнун биёем, ҳамонгуна ки Худо бар анбиё(а) салом мекунад, мо ҳам ба онон салом кунем:
Салом бар Нӯҳ дар оламиён(Сураи Соффот, ояти 79), салом бар Иброҳим(Сураи Соффот, ояти 109), салом бар Мусо ва Ҳорун(Сураи Соффот, ояти 120), салом бар Илёс(Сураи Соффот, ояти 130)
Дар поён ба Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) низ онгуна, ки дар намоз аст, салом кунем: «Ассалому алайка айюҳаннабӣ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ