Ҳамаи мо дӯст дорем дар зиндагӣ ва барномаи худ инсонҳои муваффақе бошем. Аввалин қадам дар ин роҳ шинохти меъёрҳои муваффақият аст то бо он худ ва ё инсонҳои муваффақро арзёбӣ намуда ва аз нуқоти қуввати онҳо баҳра бурда нуқоти заъфро бартараф намоем. Қуръони Карим ба унвони китоби ҳидоят ва наҷотбахши башар барои расидан ба муваффақият чӣ меъёрҳоеро ба аҳли имон баён мекунад. Инак бахше аз онро пешкаши шумо менамоем, ба умеди ин ки дар амалӣ кардани он Худо ба ҳамаи мо тавфиқ диҳад.
 Таваккул пояи аслии муваффақият
 Аз манзари Қуръони Карим яке аз муҳиммтарин калидҳои муваффақият ва саодат таваккул ба Худованд аст. Агар инсон таваккул кунад Худованд дарҳои бастаро аз ҷое, ки намедонад барои ӯ мекушояд ва барои ҳалли мушкилоташ ва боз шудани роҳ барояш кофӣ аст. Худои Мутаол мефармояд:
 وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ  
 Ва ҳар кас бар Худованд таваккул кунад ӯ амрашро кифоят ме‏кунад.» Сураи Талоқ, ояти 3
 Бешак таваккул бар Худованд ба инсон оромиши рӯҳӣ ва равонӣ мебахшад, ки бо он метавонад барои расидан ба аҳдофаш дуруст барномарезӣ карда бо осудагӣ роҳи муваффақиятро тай кунад. Ҳазрати Нӯҳ(а) бо таваккул бар Худои Мутаол ба танҳоӣ дар муқобили мухолифони ҳақ фармуд:
وَاتْلُ عَلَيْهِمْ نَبَأَ نُوحٍ إِذْ قَالَ لِقَوْمِهِ يَقَوْمِ إِن كَانَ كَبُرَ عَلَيْكُم مَّقَامِى وَ تَذْكِيرِى بِآيَتِ اللَّهِ فَعَلَى اللَّهِ تَوَكَّلْتُ فَأَجْمِعُواْ أَمْرَكُمْ وَ شُرَكَآءَكُمْ ثُمَّ لَا يَكُنْ أَمْرُكُمْ عَلَيْكُمْ غُمَّةً ثُمَّ اقْضُواْ إِلَىَّ وَلَا تُنْظِرُونِ‏
Ва бар онон саргузашти Нӯҳро бихон, онгоҳ ки ба қавми худ гуфт: Эй қавми ман, агар мондан ва мавқеияти ман (дар миён шумо) ва ёдовари‏и ман ба оёти Худованд бар шумо сангин ва таҳаммулнопазир аст, пас (бидонед, ки) ман танҳо бар Худованд таваккул кардаам (ва аз чизе ҳарос надорам). Пас шумо ва шариконатон фикратонро ҷамъ кунед то чизе аз коратон бар шумо пӯшида намонад, сипас дар бораи ман тасмим бигиред ва ба ман мӯҳлат надиҳед! Сураи Юнус, ояти 71
Чӣ оромбахшу умедворкунанда аз таваккул бар Худо аст? Агар афрод ё давлатҳо бо такя бар тавони низомӣ, иқтисодӣ ё илмии худ менозанд ва бо эътимод ба нафс барномарезӣ ва амал мекунанд такя бар Худои қодир, ки ҳамаи хазинаҳои ҳастӣ дар ихтиёри ӯст ва ба ҳамаи бузургу кӯчак ва ниёзҳо илм дорад ва бар анҷоми ҳама чиз қодир аст оромиш ва умедворӣ намеорад? Таваккул аз сифат ва вазифаи муҳими мӯъмин аст:
  اللّهُ لا إِلهَ إِلاّ هُوَ وَ عَلَى اللّهِ فَلْیَتَوَکَّلِ الْمُؤْمِنُونَ
Худованд касе аст, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз ӯ нест ва мӯъминон бояд фақат бар ӯ таваккул кунанд! Сураи Тағобун, ояти 13
Танҳо ӯ метавонад тавфиқ ва муваффақият ато кунад, ва бандагони хосси шоистаи худро барои кӯмак ба бандагон ва расондани онҳо ба муваффақият иҷоза ва имкон додааст ва дигарон ҳама худ мисли мо худ ба ӯ муҳтоҷ ҳастанд.
  Сабр барои расидан ба ҳадаф
 Инсон дар роҳи расидан ба муваффақият ҳамеша бо сахтиҳо ва душвориҳои рӯ ба рӯ аст. Агар дар тайи ин роҳ хаста ва азмаш суст шавад бешак ҳеҷ гоҳ наметавонад ба муваффақият ва ҳадаф бирасад. Дар оёти зиёде ин масъалаи муҳим яке аз вазифаҳои мӯъминон баён шудааст, ки ҳамроҳии Худо ва луфти вижаи Худоро дар пай дорад:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
 Эй касоне, ки имон овардаед аз сабр ва намоз ёрӣ ҷӯед, зеро Худо бо собирон аст» Сураи Бақара, ояти 153
 Ва яқинан касе, ки шоистагии ҳамроҳи Худоро пайдо кунад метавонад бо муваффақият ба ҳадаф бирасад ва мавонеъро пушти сар гузорад.
 Машварат
 Худои Мутаол Паёмбари хотамашро бо он ҳама ҷойгоҳ ва сифатҳои барҷаста дар бораи сарнавишти уммат ба машварат супориш мекунад:
وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ
 Ва дар корҳо бо онон машварат кун ва чун тасмим гирифтӣ бар Худо таваккул кун, зеро Худованд таваккулкунандагонро дӯст медорад» Сураи Оли Имрон, ояти 159
Агар инсон дар зиндагиаш танҳо ба ақл ва тадбири худ амал кунад, мумкин аст ба муваффақият бирасад, аммо бо сахтӣ ва тулонӣ шудани замон , вале вақте аз тадбир ва андешаи дигарон баҳра гирад, бешак роҳи расидан ба муваффақият барои ӯ осонтар ва сареътар мешавад.
Агар худраъёӣ мазаммат шуда аст аз машварат таъриф шудааст. Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:
مَنِ استَبَدَّ برأيِهِ هَلَكَ، و مَن شاوَرَ الرِّجالَ شارَكَها في عُقُولِها
 Ҳар, ки худраъйӣ кунад ҳалок шавад ва ҳар, ки бо мардон (аҳли назар ва шоиста) машварат кунад, дар хирадашон шарик гардад. Наҳҷулбалоға, ҳикмати 161
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.
Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи барномарезӣ, талош ва расидан ба ҳадаф иноят кунад.

Абдусалом

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст