Пешвоёни бузургвори мо гоҳе дар қолаби як мисол ва ташбеҳ ба андозаи як китоб барои мо сухан гуфтаанд. Аз ҳазрати Паёмбари Аъзам(с) ҳадиси зебое нақл шудааст, ки фармуд:
«الْمُؤْمِنُ مِرْآهُ الْمُؤْمِن»
Мӯъмин оинаи мӯъмин аст. (Биҳор, ҷ.71, саҳ. 268)
Бо диққат дар ташбеҳи ин ҳадиси шариф матолиби ҷолибе истифода мешавад, ки оини дӯстёбӣ аст ва моро бо вазифаи худ бештар ва беҳтар ошно мекунад.
Оина чӣ сифатҳое дорад, ки мӯъмин ба он ташбеҳ шудааст?
Инак сифатҳои оина ва вазифаи мӯъмин:
1- Оина айб ва эрод ва олудагиҳоро нишон медиҳад. Мӯъмин ҳам бояд айби бародарашро бигӯяд ва тарсу хиҷолат монеъ нашавад.
2- Оина дар канори айбҳо зебоиҳоро ҳам нишон медиҳад. Мӯъмин ҳам бояд дар канори нуқоти манфӣ нуқоти мусбатро ҳам баён кунад.
3- Оина айбро рӯ ба рӯ мегӯяд ва вақте шумо пушт ба оина кардед ё оинаро баргардондед дигар нишон намедиҳад. Мӯъмин ҳам набояд ғайбат кунад.
Дӯст дорам, ки дӯст айби маро
Ҳамчу оина рӯ ба рӯ гӯяд.
На чунон шона бо ҳазор забон
Пушти сар рафта мӯ ба мӯ гӯяд.
4- Оина айбро бедоду фарёд мегӯяд. Мӯъмин ҳам бояд ором ва бе доду фарёду обрӯрезӣ ва бародарона айби бародарашро бигӯяд.
5- Оинаи солим айбро бузург намекунад, балки ба ҳамон андоза, ки ҳаст нишон медиҳад. Мӯъмин ҳам бояд инсоф дошта бошад айб бародарашро бузург накунад.
6- Оина агар соф бошад айбро нишон медиҳад. Мӯъмин ҳам бояд бо сафо ва самимият танқид кунад на кина.
7- Барои оина ҳамаи мардум яксон ҳастанд. Барои ӯ шаҳрӣ ё деҳотӣ, босавод ё бесавод, соҳиби мақом ва сарват ва ... фарқ намекунад. Мӯъмин ҳам набояд таҳти таъсири шахсияти афрод қарор гирад, балки бояд ба хотири Худованд сухан бигӯяд.
8- Агар оинаро бишкананд ҳар қитъаи шикаста кори худашро мекунад. Мӯъмин ҳам ҳар чӣ таҳти фишор қарор гирад сокит намешавад ва назарашро мегӯяд.
9- Агар рӯи оина гарду ғубор бинишинад дигар айбро нишон намедиҳад. Мӯъмин ҳам агар худаш олуда бошад суханаш асар намекунад.
10- Мо аз муқобили оина розӣ бармегардем ва ҳеҷ вақт аз оина нороҳат ва асабонӣ намешавем. Лаззат мебарем, ки айби моро гуфт ва аз расвоии мо пешгирӣ кард. Мӯъмин ҳам вақте айби моро гуфт набояд аз ӯ биранҷем, балки аз ӯ ташаккур кунем.
11-Оина ҳар чӣ бузургтар бошад комилтар айбҳо ва хубиҳоро нишон медиҳад. Мӯъмин ҳам ҳар чӣ поктар ва рӯҳияи бузургтар дошта бошад беҳтар таъсир мегузорад.
12-Оина шикастан ё даъво бо оина ҳунар нест, балки худро бояд дуруст кунем. Бо мӯъмин ҳам набояд даъво ва ӯро расво кард, балки ба дунболи бартараф кардани айб бошем.
13-Оина бо намоиши худ фардро на маъюс ва на мағрур мекунад. Мӯъмин ҳам бо гуфтани назари худ бародарашро бо бузург нишон додани айбҳо маъюс ё бо нодида гирифтани айбҳо мағрур накунад.
14-Мо ба оина гоҳ-гоҳ ниёд дорем. Мӯъмин ҳам гоҳ-гоҳ назар диҳад.
15-Мо ба пеши оина меравем то худро пироиш, ороиш ва оромиш диҳем. Бояд ба дунболи мӯъмин рафт то бо айб ва хубии худ ошно шавем.
Оё мо бо бародарони мӯъмини худ ингуна ҳастем? Чӣ матолиби дигаре дар ин масъала ба зеҳи шумо мерасад?
Оё мо ин гуна ҳастем?
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1225