بسم الله الرحمن الرحیم
طسم (1)
تِلْكَ آَيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ (2)
نَتْلُوا عَلَيْكَ مِنْ نَبَإِ مُوسَى وَفِرْعَوْنَ بِالْحَقِّ لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ (3)
То. Син. Мим. Ин оёти китоби равшангар аст. Мо бахше аз саргузашти Мусо ва Фиръавнро барои (огоҳии) гуруҳе,  ки имон оварданд ба дурустӣ ба ту мехонем.
Паёмҳо
1. Қуръон мӯъҷизаи абадии Ислом аз ҳамин ҳуруфи алифбои арабӣ ташкил шудааст, агар онро каломи башар медонед, шумо низ мисли онро биёваред. «طسم، تلك آيات»
2. Қуръон китоби равшан ва шаффоф ва ҳамафаҳм аст. «الكتاب المبين»
3. Баёни саргузашти пешиниён нишонаи қонунманд будани суннатҳои Илоҳӣ дар таърих аст. Агар таърих ҳисобу китоб ва қонун надошт, мо наметавонистем аз он барои зиндагии имрӯзи худ истифода кунем. «نتلوا... من نبأ موسى... لقوم يؤمنون»
4. Дар нақли таърих ба лаҳзаҳои муҳим ва ибратомӯз таваҷҷӯҳ кунем. "نبأ" Набаъ ба хабари муҳим гуфта мешавад.
5. Муборизаи паёмбарон(а) бо тоғутҳо ва ситамгарон улгӯи мӯъминон аст. «نبأ موسى وفرعون»
6. Достонҳои Қуръон, хурофа, хаёлӣ ва газофа нест.«نبأ موسى وفرعون‏بالحقّ»
7. Ҳадафи Қуръон аз баёни достон, ҳидояти мӯъминон аст. «لقوم يؤمنون»
8. Аввалин шарти ҳидоят қобилият аст. «لقوم يؤمنون

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст