Ҳар рӯз дар сураи Ҳамд мехонем:
اهْدِنَا الصِّرَاطَ الْمُسْتَقِيم صِرَاطَ الَّذِينَ أَنْعَمْتَ عَلَيْهِمْ غَيرِ الْمَغْضُوبِ عَلَيْهِمْ وَ لَا الضَّالِّين
Худоё, моро ба шоҳроҳи пойдорӣ ҳидоят намо. Роҳи касоне, ки бар онҳо неъмат (тавфиқ) додӣ, ки (дар тайи ин роҳ) гирифтори ғазаби ту нашуданд ва роҳро гум накарданд. Сураи Ҳамд, ояти 6-7
Зарурати шинохти роҳ
Инсон бояд роҳеро тай кунад ва он ҳамин дунё ва лаҳза-лаҳзаи зиндагии мост то ба саодат бо саломат ба сарои охират, ки абадӣ аст бирасад.
Яке аз хатарҳои бисёр зараррасони ин роҳ гумроҳ шудан аз роҳи дуруст ва бозмондан аз саодат ва комёбӣ ва гирифтори бадбахтӣ шудан аст.
Мӯъминон ва мусулмонони ростин ҳар шабонарӯз бо барпо доштани 5 намоз -бомдод, пешин, аср, шом ва хӯфтан- даҳҳо бор бо хондани сураи Ҳамд ва дигар сураҳои Қуръони Карим аз Худои ҳидоятгар ва меҳрубон мехоҳанд, ки ононро аз хатари гумроҳӣ дар амон дорад.
Тамом шудани ҳуҷҷат
Бояд донист, ки Худои ҳакими меҳрубон ҳамаи инсонҳоро бо доштани абзор ва имконоти лозим барои шинохт ва паймудани роҳи саодат офаридааст ва барои онҳо қонун ва барнома-нақшаи роҳ- ва раҳбару паёмбар –нақшахон- фиристодааст, то ба ӯ кӯмак намояд. Аммо чун миқдоре ба инсон ихтиёр ва ҳаққи интихоб додааст хеле аз инсонҳо мутаассифона худро аз ин барнома ва раҳбар бениёз мебинанд ва онро намепазиранд, ки дар натиҷа гумроҳ мешаванд ва худро бадбахт мекунанд.
Албатта ғайр аз ҳавову ҳаваси худи инсон боз монеъҳои дигар мисли шайтонҳои инсонӣ ва ҷиннӣ вуҷуд доранд, ки барои солим мондан аз осебҳои онон бояд ба Худо паноҳ бурд ва аз ӯ кӯмак хост.
Гумроҳӣ чист?
Калимаи «Залолат» ҳудуди дусад бор бо муштаққоташ дар Қуръони Карим ба маъноҳои зер омадааст:
1. ҳайрат мисли «Ва ваҷадака золлан» сураи Зуҳо, ояти 7
2. зоеъ ва табоҳ шудан чун «Азалла аъмолаҳум» сураи Муҳаммад(с), ояти 1
3. гумроҳӣ бо сифатҳое мисли «мубин», «баид», «кабир», ки бештар ба ҳамин маъно ба кор рафтааст.
Ҳар роҳе, ки аз доираи ибодат ва итоати Худо берун бошад гумроҳӣ аст.
Албатта чун Худои ҳаким барномаи саодат фиристодааст барои ҳамаи ҳолатҳо ва шароит пешбиниҳои лозимро намудааст.
Ин мо ҳастем, ки бояд бо ин қонун ва барномаи Худо аз роҳи унс, хондан, фаҳмидан, тафаккур, тадаббур ва тавфиқ амал хостан ва амал кардану баҳрамандӣ аз тавзеҳдиҳандаи он Расули Худо(с) бо вазифаи худ олим ва омил гардем.
Он чӣ лозим буд Худои Мутаол дар ихтиёри инсонҳо гузоштааст ва касе узр надорад.
Гумроҳ кист?
Чӣ касоне роҳро гум мекунанд ва кадом роҳҳо бероҳа, каҷроҳа ва гумроҳӣ аст, ки мо аз он ва пайравони он дурӣ кунем ва худро аз ин хатари нобудкунанд наҷот диҳем.
Барои ёфтани посух ба ин пурсишҳо ба суроғи Қуръони Карим меравем. Дар Қуръони Карим ингуна афрод гумроҳ баён шудаанд:
1. Кофирон. Роҳи саодат Қуръони Карим ва роҳбари он Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) аст. Кофирон бо напазируфтани инзор ва бими Қуръони Карим ва Паёмбари Аъзам(с) ва пӯшондани ҳақиқату ҳидояту саодат худро аз роҳ бероҳ ва гумроҳ намуда бо аз кор андохтани абзорҳои касби маърифат (рӯҳияи лаҷоҷату душманӣ бо ҳақ, надидан ва нашунидани ҳақиқат) худро ба азоби азим гирифтор мекунанд. Сураи Бақара, ояти 6-7
وَ لَهُمْ عَذَابٌ عَظِيم
2. Мунофиқон. Мунофиқон инсонҳои ду чеҳра ҳастанд. Дар забон мегӯянд: Мо ба Худо ва рӯзи охират имон овардем. Дар дил ва ҳақиқат ба он имон надоранд. Бо ин кор мехоҳанд Худо ва мӯъминонро фиреб диҳанд, вале дар ҳақиқат худро фиреб медиҳанд, чун на Худо ва на мӯъминон ба имони онҳо ниёз надоранд. Имон бояд дардҳои дарунии инсонро дармон кунад ва ба ӯ саломатии рӯҳ ато кунад, вале инҳо надоранд. Аз ин рӯ бо ин дурӯғҳояшон рӯз ба рӯз бемориашон зиёд мешавад ва чун бо ин кор ба мӯъминон хиёнат ва ҷиноят карданд ва пиёданизоми кофирон бо чеҳраи мусулмон ва дӯстнамо бештарин дардро барои аҳли имон эҷод карданд азобашон ҳам дарднок хоҳад. Вақте ба онҳо гуфта мешавад фасод накунед бо қотеият мегӯянд, ки танҳо мо ислоҳгарем ва дигаронро муттаҳам мекунанд. Ҳангоме ки мӯъминонро бинанд мегӯянд, мо ҳам имон дорем ва мисли шумо ҳастем, то аз амният ва имконоти уммати исломӣ баҳра бибаранд, вале вақте бо шаётини худ (аз сарони нифоқ ва куфр) хилват мекунанд мегӯянд, ки мо воқеан бо шумоем агар чизе дар ҷамъи мӯъминон мегӯем, ҷиддӣ нагиред, чун мо онҳоро масхара мекунем, на ин ки мисли онҳо бошем. Ин бехирадон ва бефаҳмҳо намедонанд, ки чун мӯъминон ба хотири имони ба Худо масхара ва таҳқир мешаванд Худо пуштибони онҳо ва мунофиқонро дар нақшаи худ гирифтор мекунад ва онҳо дар фурсате ки доранд ба хотири туғёнашон саргардон мемонанд. Онҳо касоне ҳастанд, ки ҳидоятро бо гумроҳӣ муомила карданд. Дар ин муомила ҳам ҳеҷ суде накарданд ва ба мақсад нарасиданд. Сураи Бақара, оёти 8-16
أُولئِكَ الَّذينَ اشْتَرَوُا الضَّلالَةَ بِالْهُدى فَما رَبِحَتْ تِجارَتُهُمْ وَ ما كانُوا مُهْتَدينَ
Пас то ин ҷо ду гуруҳи гумроҳ баён шуд: кофирон ва мунофиқон.
Худоё, моро аз хатари куфр (пӯшондан, надидан ва нашунидан ва напазируфтани ҳақиқат) ва дугонагӣ дар зоҳир (ошкор) ва ботин (ниҳон), ки гумроҳӣ аз ҳидоят ва саодат ва гирифторӣ дар бадбахтӣ аст дар паноҳи худат ҳифз кун!
Идома дорад. Ин шоа Аллоҳ.
Хатарҳоро мешиносед?
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1144