Сураи Фаҷр;
Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 30 оят мебошад;
Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар;
1 Ба сипедадам савганд,
2 Ва ба шабҳои даҳгона,
3 Ва ба ҷуфт ва тоқ,
4 Ва ба шаб ҳангоме, ки (ба сӯи равшании рӯз) ҳаракат мекунад, савганд (ки Парвардигорат дар камини золимон аст)!
5 Оё дар он чӣ гуфта шуд савганди муҳиме барои соҳиби хирад нест?!
6 Оё надиди Парвардигорат бо қавми <<Од>> чи кард?!
7 Ва бо он шаҳри <<Ирами>> бо азамат,
8 Ҳамон шаҳре, ки монандаш дар шаҳрҳо офарида нашуда буд!
9 Ва қавми <<Cамуд>>, ки сахраҳои азимро аз (канори) дара мебуриданд (ва аз он хона ва кох месохтанд).
10 Ва Фиръавн, ки қудратманд ва шиканҷагар буд!
11 Ҳамон ақвоме, ки дар шаҳрҳо туғён карданд,
12 Ва фасоди фаровонро дар онҳо ба бор оварданд,
13 Ба ҳамин сабаб Худованд тозиёнаи азобро бар онҳо фурӯ рехт!
14 Ба яқин Парвардигори ту дар камингоҳ (ситамгарон) аст.
15 Аммо инсон ҳангоме, ки Парвардигораш ӯро барои озмоиш икром мекунад ва неъмат мебахшад (мағрур мешавад ва) мегӯяд: <<Парвардигорам маро гиромӣ дошта аст!>>
16 Ва аммо ҳангоме, ки барои имтиҳон рӯзияшро бар ӯ танг мегирад (маъюс мешавад ва) мегӯяд: <<Парвардигорам маро хор карда аст!>>
17 Чунон нест (ки шумо мепиндоред) шумо ятимонро гиромӣ намедоред,
18 Ва якдигарро бар таъом додани бенавоён ташвиқ намекунед,
19 Ва меросро (аз роҳи дуруст ва нодуруст) ҷамъ карда мехуред,
20 Ва молу серватро бисёр дӯст доред (ва ба хотири он гуноҳони зиёде анчом медиҳед).
21 Чунин нест (ки онҳо мепиндоранд!) дар он ҳангоме, ки замин сахт дарҳам кӯбида шавад,
22 Ва фармони Парвардигорат фаро расад ва фариштагон саф дар саф ҳозир шаванд,
23 Ва дар он рўз ҷаҳанамро ҳозир мекунанд; (Бале) дар он рӯз инсон ҳақро ба ёд меоварад аммо ин ёдоварӣ чӣ сӯде барои ӯ дорад?!
24 Мегуед: > эй кош барои (ин) зиндагиям чизе аз пеш фиристода будам<
25 Дар он рӯз ҳеч кас ҳамонанди ӯ (Худо) азоб намекунад,
26 Ва ҳеҷ кас ҳамчун ӯ касеро ба банд намекашад.
27 Ту эй рӯҳи оромёфта!
28 Ба суй Павардигорат бозгард дар ҳоле, ки ҳам ту аз ӯ хӯшнудӣ ва ҳам ӯ аз ту хӯшнуд аст,
29 Пас дар зумраи бандагон дароӣ,
30 Ва дар биҳиштам ворид бишав!
.
-
-
زیر مجموعه: Маориф
-
-
بازدید: 1947