Муқаддима

“Ва Қуръонро барои тазаккур (ва ёдоварӣ) осон кардем, оё касе ҳаст, ки панд гирад ва мутазаккир шавад?”Сураи Қамар / 17.

Қуръон китоби Худост ва барои он нозил шуда аст, ки мардумро огоҳ кунад, ба талошу кӯшиш ташвиқ намояд, инсонҳоро аз гумроҳӣ наҷот диҳад, одолатро барқарор намояд ва ҷомеаро ба сӯи рушду тараққӣ роҳнамоӣ кунад.

Ҳарчанд тиловати Қуръон бо садои зебо бисёр тавсия шуда аст, аммо фикру тааммул дар маонӣ ва мафоҳими Қуръон аст, ки метавонад инсонҳоро ба сӯи рушду тараққӣ роҳнамоӣ кунад.

Оре, Қуръон – ин китоби осмонӣ ва фарҳангсоз - имрӯз дар дастраси ҳамагон қарор дарад ва мо ба воситаи таълимоти Паёмбари бузурги Ислом(с) ва бузургони дин метавонем муҳимтарин дастурул-амалҳои зиндагии иҷтимоиро аз он ба даст оварем.

Симои сураи Қасас

Ин сура 88 оят дорад ва қабл аз ҳиҷрат дар Макка нозил шудааст.

Ба муносибати вуруди калимаи "қасас" дар ояи бисту панҷуми ин сура Қасас номида шудааст, ки ба маънои баёни саргузашт мебошад.

Аз ояи 3 то 46 ин сура ба таври муфассал, ба саргузашти ҳазрати Мусо(а) ва Фиръавн ва оятҳои поёнии он ба достони Қорун мепардозад ва ба сарнавишти собирони некӯкор ва фосидони гунаҳкор ишора менамояд.

Агарчи дар 34 сура аз сураҳои Қуръони Карим, ба гунае моҷарои ҳазрати Мусо(а) ва Фиръавн баён шудааст, вале танҳо дар ин сура ба тамоми ҷанбаҳои зиндагии он ҳазрат аз даврони таваллуд, кӯдакӣ, навҷавонӣ, то издивоҷ, нубувват ва даъват ба яктопарастӣ таваҷҷӯҳ шудааст. Тафсири "Фи зилолил Қуръон"

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст