Худои Мутаол дар ояти 9 сураи Фотир мефармояд:
وَاللَّهُ الَّذِى أَرْسَلَ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَاباً فَسُقْنَاهُ إِلَى‏ بَلَدٍ مَّيِّتٍ فَأَحْيَيْنَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا كَذَ لِكَ النُّشُورُ
Ва Худост, ки бодҳоро мефиристад то абреро бармеангезанд, пас онро ба сӯи сарзамини мурда меронем ва заминро баъд аз маргаш бо он зинда мекунем. Зинда шудани мурдагон ҳамин гуна аст.

Ҳамонгуна ки олам ду марҳилаи марг дар зимистон ва зиндагӣ, бедорӣ ва шодобӣ дар баҳор дорад, низоми офариниш, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад низ ду марҳила дорад. Аввал дунё, ки бо марг тамом мешавад ва дувум бедорӣ ва зиндагӣ аст, ки ҳамон охират аст. Ҳам дар оёт ва ҳам дар ривоёт баҳор ба қиёмат ташбеҳ шудааст ва марг ба даврони зимистон.
Чунонки бо иродаи Худованд ҳаракати абру бод ва резиши борон замини мурдаро зинда карда гиёҳон сар аз хок мебароранд, бо иродаи дигар ва вуқӯъи зилзилаҳ‏ои азим мурдагон аз хок барме‏хезанд ва зинда ме‏шаванд.
Ин баҳори нав зи баъди баргрез
Ҳаст бурҳон бар вуҷуди растахез
Мавлавӣ
Баҳори зиндагиятон саршор аз бандагӣ ва муваффақият дар зиндагӣ ва рӯзи растохез дур аз шармандагӣ бод!

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст