Дурахшиши қории ҷавони кишвари азизамон дар миёни қориёни бартари байналмилалӣ.
Сайидсамаруддин Самад, қории хушсадои Ҷ.Тоҷикистон тавонист бо роҳёбӣ ба финоли бисту ҳаштумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар миёни бартаринҳои ин давра соҳиби мақом гардад.
Дар 28-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Теҳрон, беш аз 60 кишвар бо ҳофизону қориёни бартари худ ширкат доштанд, ки намояндаи Ҷ.Тоҷикистон дар риштаи қироат дар канори намояндагони чанд кишвари дигар ба марҳилаи Финол роҳ ёфтанд ва барои мақомоти бартар риқобат намуданд.
Дар ин давра аз Тоҷикистон ду нафар ҷавонони донишҷу ва қории Қуръон ҳузур доштанд ва Сайидсамаруддин Самад бо собиқаи мақомоти бартар дар ингуна мусобиқот, тавонист мақоми панҷуми риштаи қироатро дар миёни намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳон касб намояд.
Мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим ҳар сол дар Ҷ.И.Эрон дар аёми беъсати Расули Худо(с) баргузори мегардад ва ин бори чандум аст, ки аз кишвари азизамон ҷавонони хушсадо ва ҳофизи Қуръон мақомҳои хуберо ҷойгир мегарданд.
Гуфтанист, Тоҷикистон дар заминаи теъдоди ҳофизу қории Қуръони Карим дорои дараҷаи нисбатан хубе аст, аммо ба ҷиҳати камбудиҳое, ки вуҷуд дорад дар тақвият ва тарбияти нафароти беҳтар барои ингуна мусобиқот то кунун талошҳои каме ба нисбати дигар кишварҳо анҷом гирифтааст. Агар ҷавонони хушсадо ва қории Қуръон шиносоӣ ва пеш аз шуруи ин мусобиқот барномаҳои муносиб гузошта ва омодагии худро бисанҷанд, бо итминон метавон иддао кард, ки дар солҳои оянда ҳатто барои касби мақоми аввалӣ бо дигар кишварҳо риқобат хоҳем дошт.
Умедворем дар солҳои оянда ҷавонони муъмину мусалмони Тоҷикистон бозҳам битавонанд Тоҷикистонро дар саҳнаҳои гуногун дар ҷойгоҳи шоистаи худ қарор диҳанд.
м.Нур