Худои Мутаол мефармояд:
وَبَشِّرِ الَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّلِحَتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّتٍ تَجْرِى مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَرُ كُلَّمَا رُزِقُواْ مِنْهَا مِنْ ثَمَرَةٍ رِّزْقاً قَالُواْ هَذَا الَّذِى رُزِقْنَا مِن قَبْلُ وَأُتُواْ بِهِ مُتَشَبِهاً وَلَهُمْ فِيهَا أَزْوَ جٌ مُّطَهَّرَةٌ وَهُمْ فِيهَا خَلِدُونَ
Ва касонеро, ки имон оварда корҳои шоиста анҷом додаанд, мужда бидеҳ, ки барояшон боғҳое аст, ки наҳрҳо аз пои (дарахтони) он ҷорӣ аст. Ҳар гоҳ мевае аз он (боғҳо) ба онон рӯзӣ дода шавад, гӯянд: Ин ҳамон аст, ки қаблан низ рӯзе мо буда, дар ҳоле ки ҳамонанди он неъматҳо ба эшон дода шудааст (на худи онҳо). Ва барои онон дар биҳишт ҳамсарони пок аст ва дар он ҷо ҷовидонҳа ҳастанд. Сураи Бақара, ояти 25
Паёмҳо
1- Мужда ва башорат ҳамроҳ бо ҳушдор, ки дар ояти қабл омада буд, яке аз усули тарбият аст.
2- Имони қалбӣ бояд бо аъмоли солеҳ бошад.
3- Анҷоми ҳамаи корҳои солеҳ ва шоиста корсоз аст, на баъзе аз онҳо.
4- Корҳои шоиста ва солеҳ дар сурате арзиш дорад, ки бархоста аз имон бошад, на тамоюлоти шахсӣ ва ҷозибаҳои иҷтимоӣ. Аввал «оману» баъд «амилуссолиҳот»
5 - Маҳрумиятҳое, ки муъмин ба ҷиҳати риояти ҳаром ва ҳалол дар ин дунё мебинанд, дар охират ҷуброн мешавад.
6- Мо дар дунё нигарони аз даст додан неъматҳо ҳастем, аммо дар охират ин нигаронӣ нест.
7- Ошноӣ бо собиқаи неъматҳо бар лаззати комёбӣ меафзояд.
8 - Ҳамсарони биҳиштӣ низ покиза ҳастанд.
9- Оромиш ва лаззати неъмат замоне аст, ки ҷовидонӣ ва ҳамешагӣ бошад.
Башорати мӯъминони солеҳ
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1149