Худои Мутаол мефармояд:
يَأَيُّهَا النّاسُ اعْبُدُواْ رَبَّكُمُ الَّذِى خَلَقَكُمْ وَالَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй мардум! Парвардигоратонро, ки шумо ва пешинёни шуморо офарид, парастиш кунед то аҳли тақво шавед. Бақара, 21
дар китобҳои қонун маводи қонун бе хитоб баён миешавад, вале Қуръони Карим китоби қонуне аст, ки бо рӯҳу отифаи мардум кор дорад, аз ин рӯ дар баёни дастурот хитоб мекунад. Албатта хитобҳои Қуръони Каримгуногун аст.
Ҳадаф аз хилқати ҷаҳон ва инсон такомул ва баҳрагирии инсонҳост. (Бақара, 29)Такомули инсонҳо дар гарави ибодат (Зориёт, 56) аст ва асари ибодат расидан ба тақво (Бақара, 21) ва ниҳояти тақво растагорӣ аст. (Бақара, 189)
Чаро Худоро ибодат кунем?
Дар чанд оятиҚуръон посухи ин пурсиш чунин омадааст:
Чун Худованд холиқ ва мураббии шумост. (Бақара, 21)
Чун таъминкунандаи ризқу рӯзӣ ва амнияти шумост. (Бақара, 21 ва Қурайш, 3-4)
Чун маъбуде ҷуз ӯ нест. (Тоҳо, 14)
Ибодати инсон ҳадафи офариниши инсон аст на ҳадафи офаринанда. Ӯ ниёзе ба ибодати мо надорад.Агар ҳамаи мардуми замин кофир шаванд ӯ бениёз аст, чунонки агар ҳамаи мардум рӯ ба хуршед хона бисозанд ё пушт ба хуршед, дар хуршед асаре надорад.
Бо инки ибодатиХудо бар мо воҷиб аст, чун холиқу розиқ ва мураббии мост, вале бозҳам дар баробари ин адои таклиф подош медиҳад ва ин ниҳояти лутфи ӯст.
Ончи инсонро водор ба ибодат мекунад умуре аст, аз ҷумла:
1- диққат ба неъматҳои ӯ, ки холиқу розиқ ва мураббии мост.
2- диққат ба фақр ва ниёзи худ.
3- диққат ба осор ва баракоти ибодат.
4- диққат ба осорибади тарки ибодат.
5 –диққат ба инки ҳамаи ҳастӣ, мутеъи ӯ вадар ҳоли тасбеҳи ӯ ҳастанд, чаро мо ҷудо ва ноҳамоҳанги ҳастӣ бошем.
6- диққат ба инки ишқ ва парастиш дар рӯҳи мост ва ба чӣ касе бартар аз ӯ ишқ биварзем.
Дар Қуръон омадааст: Ибодат кун то ба яқин бирасӣ. Пас оё агар касе ба яқин расид, намозашро тарк кунад?!
Агар гуфтем: Нардабон бигзор то дастат ба шохаи болои дарахт бирасад, маънояш ин нест, ки ҳаргоҳ дастат ба шоха расид, нардабонро бардор, чун меафтӣ. Касе, ки аз ибодат ҷудо шуд, мисли касе аст, ки аз осмон суқут кунад ба илова касоне, ки ба яқин расидаанд монандиРасулиХудо ва пешвоёни динӣ лаҳзае аз ибодат даст барнадоштанд. Бинобарин муроди оят баёни осори ибодат аст на таъйини маҳдудаи ибодат.