Аввалин вазифаи мо пас аз шинохти Худо робита бо ӯ ҳаст ва ин ки ӯро ба хотири неъматҳое, ки ба мо додааст, дӯст бидорем. Агар касе як суратгирак ба мо ҳадя кунад, то охири умр ӯро дӯст дорем ва ӯро фаромӯш намекунем. Худованд дуио ба мо додааст. Ду чашми зебо, ки як умр аз дӯру наздик, сиёҳу сафед ва аз зовияҳои мухталиф сурат мегирад. Дӯрбини сабук, кӯчак, зариф, зебо, дар ҷое маҳкам ва муносиб.
Худованд ин ду суратгирро дар ҷуқурӣ қарор дода то ба гунаҳои муносиб ҳифз шавад, илова бар он ки пилк, мижа ва абрӯ низ аз вуруди ашёъи хориҷӣ ва нури шадид ба чашм пешгирӣ мекунанд. Ин суратгирҳо бо ҳамин кӯчакӣ, робитаи моро бо ҷаҳони атрофамон барқарор миекунанд ва мо метавонем шигифтиҳо ва зебоиҳои ҷаҳони бузургро бибинем. Ин суратгирҳо байни мо ва донишмандон бо мутолиаи китобҳои онон робита барқарор мекунанд. он моро аз хатарот пеш рӯ ҳифз мекунанд. Аз роҳи мутолиа ба дониши мо меафзоянд ва бо онҳо ҳама чизро мешиносем. Рӯзона ҳазорон акс мегирад, вале хаста намешавад. Дар ҳар неъмате аз неъматҳои Худои бузург каме фикр кунем, алоқаи мо ба Офаридагор зиёд мешавад.
Ин алоқа аввалин робитаи мо бо Худост. Робитаи дигар шукри Худованди меҳрубон аст. Агар ҳадяи як суратгир ва камера ташаккур мехоҳад, ҳадяи чашмҳои зебо ташаккуре чанд баробар мехоҳад.
Шукри Худо дар чист?
Шукри Худо он аст, ки дар беҳдошти чашм кӯшо бошем. Оби олуда ба суратамон назанем. Бо шиками пур мутолиа накунем. Бо мутолиаи навиштаҳои рез ва дар фазое, ки нури кофӣ нест, ба чашмони худ осеб назанем. Бо чашми худ гуноҳ накунем ва касеро натарсонем. Нигоҳи меҳромез ба падару модар ибодат аст. Нигоҳ ба Қуръони Карим ва Каъба ибодат аст. Нигоҳ ба олимону раҳбарони динӣ ибодат аст. Дидори бандагони хуби Худо ибодат аст ва агар аз дунё рафтаанд, зиёрати қабри онҳо ибодат аст. Гуфтани “Алҳамду лиллоҳи раббилъоламин” Сураи Ҳамд, оя 2. шукри забонӣ аст, вале беҳтарин навъи шукр намоз хондан аст. Қуръон мефармояд: “Фаляъбуду рабба ҳозалбайти аллазӣ атъамаҳум мин ҷуъив ва оманаҳум мин хавфи” Сура Қурайш, оёт 3- 4.. Ба шукронаи ин ки Худованд мардумро аз ноамнӣ ва гуруснагӣ наҷот дод, бояд Худои Каъбаро ибодат кунанд. Намоз дар ҳамаи динҳои осмонӣ будааст.
Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) фармуд: «Дар дине, ки намоз набошад, хайре нест.» Ба ростӣ агар намоз набошад хубиҳои дигар корсоз намиешавад, ҳамонгуна ки агар сӯзан набошад, риштаҳо чизеро намедузанд. Агар милиса аз ронандаҳо гувоҳиномаи ронандагӣ хост ва ӯ надошт, автомобилро нигаҳ медорад ва ронандаро ҷарима мекунад, ҳатто агар мадраки донишгоҳӣ ва ё гувоҳии маҳорати дигаре дошта бошад.
Биёем ҳар рӯз чанд дақиқа бо Худои худ сухан бигӯем. Ростӣ чаро бо ҳама кас сухан бигӯем, вале бо ӯ сухан нагӯем? Мо Худоро дӯст дорем ва ҳар кас фардеро дӯст дорад, мехоҳад бо ӯ сухан бигӯяд. Барои ин ки ҳамаи мо инсонҳо ба таври якнавохт бо Худои бузург сухан бигӯем, Худованд инсонро роҳнамоӣ карда, ки ҳама ба як су, рӯ ба қибла ва бо бадан ва либоси пок, қалби равшан ва нияти холис ва бо як забон ба намоз биистанд. Ҳамонгуна ки тамоми халабон (лётчик)-ҳои дунё агар бихоҳанд бо фурудгоҳи ҳар кишваре ҳарф бизананд бояд бо забони англисӣ сухан бигӯянд, мо низ бояд намозамонро ба забони арабӣ бихонем. Оре, як забон нишонаи ваҳдати худопарастон аст.
Ин намоз замоне ба мо рушди бештаре медиҳад, ки дар макони муқаддасе мисли масҷид ва дар замони аввали вақт ва ба ҷамоат баргузор шавад, ба шарти он ки ҳамроҳ бо расидагӣ ба бенавоён ва дуо ба бандагони Худо бошад.
Касе, ки намоз мехонад гӯё дасташро дар дасти Худо мегузорд ва ресмони маҳкамеро мегирад. Ва касе, ки ресмони маҳками Илоҳиро гирифта ва дасташро дар дасти қудрати Худо гузошта, бар ҳар мушкиле пирӯз мешавад. Қуръони Карим мефармояд: Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед. Сураи Бақара, ояти 45.
Ҳар гоҳ барои Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) ва ё пешвоёни дин мушкиле пеш меомад, онон ба намоз паноҳ мебурданд ва аз намоз ва ёди Худо кӯмак мегирифтанд.
Намоз ба қадре муҳим аст, ки Имом Ҳусейн (Дуруди Худо бар ӯ бод) зӯҳри ошуро дар майдони набард ва дар баробари тирборони душман, онро раҳо накард ва дар аввали вақт ва ба ҷамоат хонд.