Бо ҳамаи аҳамияте, ки намоз дар назди Худованд ва анбиё ва авлиё дорад, мардум дар амал ба он чанд гурӯҳ ҳастанд:
-
Имон надоранд ва намоз намехонанд. Сураи Қиёмат, ояти 31
-
Монеъи намози дигарон мешаванд. Алақ, 9-10
Дар шаъни нузули оят омадааст, ки Абӯҷаҳл тасмим гирифт, ҳангоме ки паёмбар барои намоз ба саҷда меравад бо лагад гардани ҳазратро бишиканад. Мардум ӯро диданд, ки рафт, вале баргашт. Гуфтанд:
Чаро чунин накардӣ?!
Гуфт: Чун хостам чунин кунам, хандақе аз оташ дидам, ки дар пеши рӯи ман шӯълавар шуд.
3. Намозро масхара мекунанд. Моида, 58
4. Бенишот намоз мехонанд. Нисо, 142
5. Нисбат ба намоз бетаваҷҷӯҳ ҳастанд. Моъун, 4-5
6. Ба хотири расидан ба дунё аз намоз кам мегузоранд: Ҳар гоҳ лаҳву саргармӣ ва тиҷорате диданд ба сӯи он равона шуда туро, дар ҳоле ки ба хондани хутбаи намоз истодаӣ тарк мекунанд. Ҷумъа, 10
Ин оят ишора ба моҷарое аст, ки Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) машғули хондани хутбаҳои намози ҷумъа буд, ки корвони тиҷоратӣ бо садои табл вориди Мадина шуд. Мардум аз масҷид дар ҳоле ки Паёмбари Аъзам (Саллаллоҳу алайҳи ва Олиҳ) хутба мехонд баланд шуда ба сӯроғи тиҷорат ва муомила рафтанд ва ҳазратро танҳо гузоштанд.
7. Намозро бо ҳамаи шароити он барпо медоранд, ки дар дунё ва охират сабаби хушбахтӣ ва содати онҳо мешавад. Ин гуруҳ ҷудогона бояд баҳс шавад.