Худои Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:
أَفَمَن كَانَ مُؤْمِناً كَمَن كَانَ فَاسِقاً لَّا يَسْتَوُونَ
Пас оё касе, ки мӯъмин аст мисли касе аст, ки фосиқ аст? (Ҳаргиз чунин нест.) Ин ду гурӯҳ яксон нестанд. Сураи Саҷда, ояти 18
1- Дар баёни ҳақ бо тарҳи савол аз виҷдони мардум кӯмак бигиред.
2- Шеваи муқоиса яке аз беҳтарин шеваҳои омӯзишӣ аст.
3- Танҳо кофирон мухолифи мӯъминон нестанд, балки афроди фосиқ низ дар ҷабҳаи мухолиф қарор доранд.
4- Аз мардум савол кунед, лекин назари ҳаққи худро низ эълом кунед.