Худои Мутаол мефармояд:
وَ وَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ حُسْناً وَإِن جَاهَدَاكَ لِتُشْرِكَ بِى مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ فَلَا تُطِعْهُمَآ إِلَىَّ مَرْجِعُكُمْ فَأُنَبِّئُكْم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ
Ва ба инсон супориш кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар он ду кӯшиданд то чизеро, ки ба он илм надорӣ шарики ман созӣ, аз онон итоат макун! Саранҷоми шумо ба сӯи ман аст. Пас шуморо аз (ҳақиқати) ончӣ анҷом медодед огоҳ хоҳам сохт. Сураи муборакаи Анкабут, ояти 8
1- Некӣ ба падару модар як вазифаи инсонӣ аст.
2- Эҳсон ба падару модар беқайд ва ҳамешагӣ аст, аммо итоат аз онон ба шарти он аст, ки инсонро аз Худо дур ва мушрик накунанд.
3- Эҳсон ва некӣ ба падару модар бе қайду шарт аст. Пас нажод, син, минтақа, илм, иҷтимоъ, сиёссат, иқтисод ва имон шарт нест. Ҳатто агар кофир ва мушрик бошанд бояд эҳсон кард.
4- Падару модари гумроҳ барои гумроҳ кардани фарзандон кӯшиш мекунанд.
5- Аз эҳтироми дигарон бад истифода накунем. Падару модар набояд ба хотири эҳтиромгузории фарзандон ононро ба ширк даъват кунанд.
6 - Фарзандон бояд қудрати интихоби тафаккури дурустро дошта бошанд.
7- Ширк бурҳон ва истидлоли илмӣ надорад.
8- Дар масъалаи тавҳид ва ширк бо ҳеҷ кас созиш накунем.
9- Имон ба қиёмат зомини иҷрои тавсияҳои Илоҳӣ аст.
10- Худованд ба ҳамаи корҳои инсон огоҳ аст.
11- Рӯзе дар пеш дорем, ки ҳатмӣ аст ва дар он рӯз Худои огоҳ ба ҳама чиз ба мо аз тамоми амалҳоямон хабар медиҳад ва огоҳ мекунад.
Худоё, ба мо тавфиқи амал ба ин вазифаи инсонӣ ва имонӣ иноят кун ва моро муҳсин ба падару модар бигардон ва он дуро аз мо розӣ нигаҳдор ва моро аз баракатҳои ин амал дар дунё ва охират баҳрманд намо!