Дар инҷо бо истифода аз Наҳҷ-ул-балоға ҷойгоҳи баланд ва шахсияти бемонанди Паёмбар (с) ва вазифаи муслимин дар баробари он бузургворро аз назари ҳазрати Алӣ (а) барраси менамоем.
Алӣ (а) ҷойҳои мухталифи Наҳҷ-ул-балоға ба таносуби шаройит ва замонҳои мухталиф дар бораи мурид ва пешвои худ сухан гуфта аст. Аммо инҷо баъзе аз онҳоро меоварем.
Ҳазрат пас аз ҳамд ва ситойиши парвардигори олам мефармояд:
Худованд Паёмбар (с) ро аз шаҷараи неруманди паёмбарон баргузид, дарҳоле ки манбаи нур ва чироғ бар афрухтае дар торикиҳои ҷаҳл ва нодони буд вайро сарчашмаи ҳикмат қарор дод. Ӯ табибе аст, ки бар табобати худ саёр аст дар ҳар куҷо беморонро пайдо карда онҳоро дармон менамояд. Доруҳои вай шифобахш аст. Барои шифои қалбҳои кур ва гушҳои ношунаво ва забонҳои лол омада аст.
Худованд Пайғамбари гувоҳи диҳанда ва ҳушдор диҳанда баргузид ӯ, ки беҳтарин офаридагон дар хурдсолӣ ва наҷибтарин ва бузургтарин мардум дар сини пири буд. Ахлоқаш аз ҳама поктар ва борони карамаш аз ҳар чизе бо давомтар буд.
Ӯ пешвои парҳезкорон аст, барои толибони ҳидоят василаи биноӣ аст, чироғе, ки нураш дурахшон ва рушаноие бо барқҳои тобон аст, роҳу равиши ӯ миёна ва равиши зиндагиаш пойдор, суханонаш рушангари ҳақ ва ботил ва ҳукми фармони ӯ одилона аст. Бидонед, ки роҳ рушан аст ва шуморо ба хонаи амн даъват мекунад. акнун дар дунёе зиндаги мекунед, ки метавонед ризояти илоҳиро ба даст оваред бо муҳлат ва оромише, ки доред. Акнун номаи амал боз аст ва қалами фариштагон дар ҳаракат ва баданҳоятон солим ва забонҳо гуёст, товба ва корҳои нек қабул мегардад.
Барои ту бас аст, ки роҳ ва равиши зиндагии Паёмбар (с) ро итоат намои то роҳнами хубе барои ту дар шинохти бадиҳо ва айбҳои дунё ва расвоиҳо ва бадиҳои он бошад. Пас ба Паёмбар (с) покиза ва покат иқтидо кун, ки роҳ ва равиши ӯ улгӯе аст барои улгу талабон ва мояи фахр ва бузургӣ аст барои касеки хоҳони бузургвори бошад, ки маҳбубтарин банда назди Худо касе аст, ки аз Паёмбар (с) пайрави кунад ва қадам ба ҷои қадаи ӯ гузорад.
Паёмбар (с) дунёро паст донист ва дар чашми дигарон онро ночиз нишон дод, онро хор донист ва дар назди дигарон хор ва беарзиш муаррифи намуд ва медонист, ки Худованд барои эҳтиром ба арзиши ӯ дунёро аз ӯ дур сохт ва онро барои ночиз буданаш ба дигарон бахшид. Паёмбар (с) аз ҷону дил ба дунё пушт кард ва ёди онро аз дилаш берун мекард. Дӯст медошт, ки зинатҳои дунё аз чашми ӯ дур нигоҳ дошта шавад то аз он либоси фохире омода насозад ё мондан дар онро орзу накунад ва барои таблиғи аҳкоме ки роҳи ҳаргуна узр ро бар инсон мебандад талош намуд ва уммати исломиро бо ҳушдорҳои лозим насиҳат кард. (Албатта таваҷҷӯҳ шавад, ки ҳарфҳои ҳазрати Алӣ (а) ба маънои тарки дунё нест).
... Ҳамоно Паёмбар (с) бар рӯи замин менишаст ва таом мехурд ва монанди бардаи сода менишаст ва бо дасти худ кафши худро медухт ва ҷомаи худро медухт ба бар хари беполон менишаст ва дигареро пушти худ савор мекард, пардае дар дари хонаи ӯ овезон буд, ки нақшҳо ва суратҳо дар он буд, ба яке аз занонаш фармуд: Ин пардаро аз пеши чашмони ман дур кун, ки ҳаргоҳ ба ӯ нигоҳ мекунам ба ёди дунё ва зинатҳои дунё мезанам. Паёмбар (с) бо дил аз дунё рӯй гардонд ва ёдашро аз ҷони худ решакан кард ва ҳамеша дӯст медошта то ҷозибаҳои дунё аз дидагонаш пинҳон монад ва аз он либоси зебо омода накунад ва онро қароргоҳи ҳамешагии худ надонад ва умеди мондан дар дунё надошта бошад, пас ёди дунёро аз ҷони худ берун кард ва дил аз дунё канд ва чашм пушид. Пас пайрави кунанда бояд аз Паёмбар (с) пайрави кунад ва ба дунболи ӯ роҳ равад ва қадам ҷои қадами ӯ бигузорад ва чунин набошад аз ҳалокат дар амон нест, ки ҳамоно Худованд Муҳаммад (с) ро нишонаи қиёмат ва муждадиҳандаи биҳишт ва тарсонанда аз азоби ҷаҳаннам қарор дод. Ӯ бо шиками гурусна аз дунё рафт ва бо саломати ҷисм ва ҷон дохили охират шуд ва кохҳои зебо насохт то ҷаҳонро тарк гӯфт ва даъвати парвардигорашро пазируфт.
Парвардигоро барои Паёмбар (с) дар сояи лутфи худ ҷои васие бигшой ва аз фазл ва карамат савоби ӯро зиёд гардон. Худовандо оини ӯро аз ҳар оине бартар ва мақоми ӯро дар назди худат гиромитар гардон ва нурашро комил гардон ва подоши рисолати ӯро гувоҳ ва шафоат ва қабул гуфтор қарор деҳ зеро ки дорои мантиқи одилона ва роҳи ҷудокунандаи ҳақ аз ботил буд. Бор Худоё байни мо ва пайғамбарат дар неъматҳои ҷовидон ва зиндагонии хуш ва орзуҳои бароварда ва хостаҳои ба анҷом расида дар камоли оромиш ва дар ниҳояти бовар ҳамроҳ бо ҳадияҳои бо арзиш ҷамъ гардон.
Маҷаллаи А. ҳунар.
Пайғамбар (с) аз нигоҳи ҳазрати Алӣ (а)
- زیر مجموعه: Маориф
- بازدید: 1417