Дар қавми ҳазрати Лут(а) зане вуҷуд дошт, ки ҳидоят нашуд ва ин зан кист?
Ояте, ки дар ин бора омада аст ин аст: «فانجيناه و اهله الا امراته كانت من الغابرين» Чун кор ба инҷо расид мо Лут ва пайравони воқеи ва хонадонашро, ки покдоман буданд наҷот бахшидем ҷуз ҳамсараш, ки ӯро дар миёни қавми табаҳкор раҳо сохтем зеро ӯ ҳам аз назари ақида ва оин ва мазҳаб бо онон ҳамоҳанг буд.
Зане, ки ҳидоят нашуд ва мавриди ҳалокат қарор гирифт ҳамсари ҳазрати Лут(а) буда аст: Ғобир ба маънои боқи мондан бинобар ин «كانت من الغابرين» баёнгари ин аст, ки ҳамсари ҳазрати Лут(а) ба ҷиҳати боқи мондан дар миёни қавмаш аз азоби илоҳӣ раҳои наёфт аз ояти 10 сураи Таҳрим ба таври хулоса истифода мешавад, ки ҳамсари ҳазрати Лут(а) аз он ҳазрат пайрави накард ва аз оин ва равиши ҳамсараш ҷудо шуд ва ин ҷудои боиси ҷудо мондани вай аз хонаводаи ҳазрати Лут(а) шуд ва наҷот наёфтан аз азоби илоҳиро дар бар дошт.