Қуръон ҳадафи хилқати инсонро чигуна баён кардааст?

Аз назар Қуръон ҷаҳони офариниш беҳуда халқ нашудааст; балки тамоми аҷзо ва унсурҳои он барои ҳадафи мушаххасе халқ шудаанд. Дар оёти зиёде аз Қуръон ба ҳадафдори офариниши ҷаҳон ва одамиён ишора шудааст; аз ҷумла:

«إِنَّ فِي خَلْقِ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ وَ اخْتِلافِ اللَّيْلِ وَ النَّهارِ لَآياتٍ لِأُولِي الْأَلْبابِ. الَّذِينَ يَذْكُرُونَ اللَّهَ قِياماً وَ قُعُوداً وَ عَلى‏ جُنُوبِهِمْ وَ يَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ رَبَّنا ما خَلَقْتَ هذا باطِلاً سُبْحانَكَ فَقِنا عَذابَ النَّارِ» Сураи Оли Имрон, ояти 190 - 191.

«Мусалламан дар офариниши осмонҳо ва замин ва омаду рафти шабу рӯз, барои соҳибони ақл ва андеша оёте аст; касоне, ки Худовандро дар ҳоли истодан ва нишастан ва он ҳангом, ки бар паҳлу хобидаанд, ба ёд меоваранд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва миегуянд:) Бор Илоҳо! Ин (ҷаҳон)ро беҳуда наёфаридӣ, муназзаҳи ту, моро аз азоби оташ нигаҳ дор».

Оёти боло инсонро ба андеша во медорад ва мефаҳмонад, ки мушоҳида бидуни андеша ва тафаккур раҳ ба ҷое намебарад.

Дар оятҳои дигар мефармояд:

«رَبُّنَا الَّذِي أَعْطى‏ كُلَّ شَيْ‏ءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدى‏»

Парвардигори мо касе аст, ки ба ҳар мавҷуде, хилқати муносиби ӯро ато кард ва онгоҳ ҳидоят намуд.

Оятҳои дигаре дар бар ҳадафмандии офариниш таъкид намуда аст аз ҷумла: Сураи Сод, ояти 27, сураи Анбиё, ояти 16, сураи Духон, ояти 38, сураи Наҳл, ояти 3, сураи Зумар, ояти 5, сураи Анъом, ояти 73, сураи Иброҳим, ояти 19, сураи Тағобун, ояти 3, сураи Анкабут, ояти 44, сураи Рум, ояти 8.

Дар ин ояти боло ба ду асли асоси ишора шуда аст: Инки Худованд ба ҳар мавҷуде ончиро ниёз дошта, ато карда аст. Дигар инки ҳар мавҷуде, ба гунаҳое ҳидоят шуда аст, ки аз ҳама неруҳои худ дар пойбанди ҳаёт истифода кунад ва ба ҳадафи ниҳои вуҷуди худ ноил ояд.

Ҳадафманди офариниши инсон

Қуръон бар ҳадафдори хилқати инсон ба таври вижа таъкид мекунад:

«أَفَحَسِبْتُمْ أَنَّما خَلَقْناكُمْ عَبَثاً وَ أَنَّكُمْ إِلَيْنا لا تُرْجَعُونَ»؛ Сураи Муъминун, ояти 115.

Оё пиндоштаед, ки шуморо беҳуда офаридаем ва ба сӯи мо бозгашт намекунед?

«أَيَحْسَبُ الْإِنْسانُ أَنْ يُتْرَكَ سُدًى» Сураи Қиёмат,

Оё инсон гумон мекунад, ба ҳоли худ раҳо шуда аст?

Оёти боло нишон медиҳад ки:

1.       Инсон беҳуда офарида нашуда аст ва офариниши ӯ ҳадафдор аст.

2.       Ба ҳоли худ вогузор нашуда аст ва ҳамвора мавриди ҳидоят, дастгири ва назорати Худованд аст.

3.       Мақсади ниҳои офариниши инсон, мабдаи ҳасти ва Парвардигори ҷаҳониён аст.

Оёти дигаре аз Қуръон ҳам рози офариниши инсонро баён мекунад:

Илму маърифат

«اللَّهُ الَّذِي خَلَقَ سَبْعَ سَماواتٍ وَ مِنَ الْأَرْضِ مِثْلَهُنَّ يَتَنَزَّلُ الْأَمْرُ بَيْنَهُنَّ لِتَعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَلى‏ كُلِّ شَيْ‏ءٍ قَدِيرٌ وَ أَنَّ اللَّهَ قَدْ أَحاطَ بِكُلِّ شَيْ‏ءٍ عِلْماً» Сураи Талоқ, ояти 12.

Худованд касе аст, ки ҳафт осонро офарид ва аз замин низ назири онро офарид. Фармони илоҳӣ дар миёни онҳо нозил мешавад, то бидонед, ки Худованд, бар ҳар чизе тавоно аст ва ба ҳамаи мавҷудот иҳотаи илмӣ дорад.

Дар ин оят огоҳи инсон аз илму қудрати мутлақаи Худованд (маърифати Парвардигор, ки ташкил диҳанда буъди маърифати камоли инсони аст) ба унвони ҳадафи офариниш муаррифи шуда аст.

Озмоиш ва имтиҳон

«الَّذِي خَلَقَ الْمَوْتَ وَ الْحَياةَ لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلاً» Сураи Мулк, ояти 2.

Худои Субҳон, касе аст, ки маргу ҳаётро рақам зад, то шуморо биёзмояд кадом яке аз шумо амали беҳтар ва шоистатаре доред?

Мурод аз озмуни илоҳӣ кафши розҳои пушида ва нопайдо нест; балки манзур аз он, фароҳам овардани шароити рушди истеъдодҳо ва шукуфосози он аст. Чун инсон мавҷуди мухтор аст ва камоли ӯ ихтиёр аст, озмуни илоҳӣ дар мавриди инсон ин аст, ки ҳамаи шароити гузиниши роҳи неку бадро дар ихтиёри ӯ ниҳад то истеъдодҳои худро ба кумаки онҳо ба феълият бирасонад ва роҳи дурустро интихо кунад.

Ибодат

«ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلاَّ لِيَعْبُدُونِ» Сураи Зориёт, ояти 56.

Ҷинну инсро наёфаридам ҷуз барои онки маро ибодат кунанд.

Дар ин оят, ҳадафи асли хилқат ибодати Худо баён шуда аст. Дар робита бо инки чаро ибодати илоҳӣ ба унвони ҳадафи офариниш зикр шуда аст таваҷҷуҳ ба чанд нукта лозим аст:

1.       Бар асоси ҷаҳонбинии Қуръон, ҳар ҳаракат ва амали мусбате, ки бо ангезаи тақарруб ба сӯи Худо анҷом гирад, ибодат аст ва ибодат мунҳасир ба маносики хоссе чун дуо ва ниёиш нест. Ҳамаи фаолиятҳои илмӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ... дар сурате, ки ҳамоҳанг бо низоми арзиши ва ангезаҳои илоҳӣ бошад, ибодат аст ва инсон метавонад дар ҳама ҳол ҳатто хурдан ва хобидан ва марг ва зиндагӣ якпорчаи Худоӣ ва дар ҷиҳати такомул ва тақарруб ба Худо қарор гирад «قُلْ إِنَّ صَلاتِي وَ نُسُكِي وَ مَحْيايَ وَ مَماتِي لِلَّهِ رَبِّ الْعالَمِينَ» сураи Анъом, ояти 162. Албатта ибодат ба маънои хосси он; яъне, ниёиш ва маносики вижа, ҷойгоҳи хосс ва бисёр муҳимме дар дин дорад.

2.       Таваҷҷуҳ ба фалсафаи ибодат дорои аҳамияти бисёре аст. ҳазрати Алӣ(к) дар ин бора мефармояд: «فَاِنَّ اللَّهِ سُبحانَهُ و تَعالى‏ خَلَقَ الْخَلقَ حينَ خَلَقَهُمْ غَنياً عَنْ طاعَتِهِم آمِناً مِنْ مَعْصيَتِهِم لأَنَّهُ لاتَضُرِّهُ معصيةُ مَنْ عَصاهُ و لا تَنْفَعُهُ طاعَةُ مَنْ أَطاعَهُ» Наҳҷулбалоға, хутбаи 194.

Худованд махлуқотро офарид, дар ҳоле, ки аз итоати онҳо бениёз ва аз маъсияташон дар амон буд; зеро на нофармони гуноҳкорон ба ӯ зиён мерасонад ва на итоати мутион ба ӯ нафъе мебахшад.

Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист

Ба обу рангу холу хатт чи ҳоҷат рӯи зеборо

Ибодат осори мусбате бисёре дар ҳаёти ин ҷаҳони ва он ҷаҳони дорад.

Идома дорад...

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст