Сураи Ёсин, ки яке аз сураҳои Қуръони Карим аст, тиловати он осор ва баракоти фаровоне дорадва дар баъзе аз ҳадисҳо сураи Ёсин таъбир ба қалби Қуръон шуда аст. Мо дар инҷо ба чанд намуна аз осор ва баракоти хондани ин сура ишора мекунем, ки дар ҳадисе аз Пайғамбари Худо(с) нақл шуда аст, ки ба ҳазрати Алӣ(к) фармуданд: Эй Алӣ! Ёсинро бихон, ки дар он даҳ асар аст: Ҳарки онро қироат кунад:
1.Агар гурусна бошад сер гардад;
2.Агар ташна бошад, сероб гардад;
3.Агар урён бошад, пушонида гардад;
4.Агар азб (бе зан) бошад, издивоҷ кунад;
5.Агар тарсон бошад, амният ёбад;
6.Агар бемор бошад, офият ёбад;
7.Агар зиндони бошад, наҷот ёбад;
8.Агар мусофир бошад, дар сафараш ёри шавад;
9.Назди майит(инсоне ки мурда аст) хонда намешавад магар инки Худо бар ӯ осон гирад;
10.Агар гумшуда дошта бошад, гумшудаашро пайдо кунад.
Худовандо моро амалкунанда ба китобат ва суннати Пайғамбарат қарор бидеҳ!