Қуръон китоби осмонӣ ва муҳимтарин манбаи исломӣ аст, Қуръон сарчашмаи маорифи илоҳӣ аст ва дар тарбият дини ҷойгоҳе бас азим дорад. Ҳазрати Алӣ(к) дар номаи тарбияти худ ба фарзандаш имом Ҳасан (а) баъд аз онки бар аҳамияти тарбият дар он таъкид менамоянд, нахустин иқдоми худро таълим ва омӯзиши Қуръон ва маориф ва аҳкоми ҳалолу ҳароми он баён мекунад: «. . . وان ابتدئک بتعلیم کتاب الله و تاویله وشرایع الاسلام و احکامه و حلاله و حرامه لا اجاوز ذالک بک الی غیره . . .
«Нахуст туро китоби Худо биёмӯзам ва тоъвили онро ба ту таълим диҳам ва шариати ислом ва аҳкоми онро аз ҳалол ва ҳаром бар ту ошкор созам ва (дар оғоз) ба чизе ғайр аз Қуръон напардозм .» Ҳамчунин он ҳазрат дар тавсия ба фарзандаш Муҳаммад ибни Ҳанафия, фармуд : «.. . Бар ту бод ба хондани Қуръон ва амал кардан ба ончи дар он аст ва инки ба муқаррарот ва дастуроти ҳалол ва ҳароми он ва амр ва наҳйи он пойбанд боши. Ҳамчунин хондани Қуръонро дар шабу рӯз ва ҳангоми таҳаҷҷуд бар худ лозим бидони чаро, ки Қуръон аҳдномае аст аз сӯи Худованди таборак ва таоло ба халқи худ, пас воҷиб аст бар ҳар мусулмоне, ки дар ҳар рӯз ба аҳдномаи худ бингарад ва лав панҷоҳ оят бошад.»