Рағоиб аз решаи калимаи арабии «раға-ба» гирифта шуда, маънояш чизе хостан, орзу кардан, майл кардан ва кушиши чизеро ба даст оварданро дорад. Муаннаси он «рағиба» буда, дар шакли ҷамъ бошад, «рағоиб» мегӯянд.
Аввалиншабиҷумъаи моҳи Раҷабро лайлатул рағоиб меноманд. Ин номро малоик гузоштаанд. Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) дар ин шаб бар муъминон эҳсонҳои зиёд аз тарафи Худои Мутаол мебахшанд.
Дар ин шаби муқаддас амалҳои хайрро зиёдтар бояд анҷом дод. Намозхонию Қуръонхонӣ ва тавбаю истиғфор кардан, амалҳои хайртаринест, ки дар ин шаби муқаддас анҷом медиҳем. Агар намози қазоӣ дошта бошем, пас ҳади ақал як рӯзи намози қазоиро бояд адо намоем. Рӯзи панҷшанбе гирифтани рӯза, эҳёи шаб ва дар ин моҳ рӯза гирифтан низ савоб ва фазилатҳои зиёде дорад.
Расулуллоҳ (с.а.с.) баъд аз моҳи Рамазон аз ҳама зиёд дар моҳи Раҷаб рӯза мегирифтанд.
Бузургонамон моҳи Раҷабро моҳи кишт номидаанд, яъне корҳои савобро бояд барзиёд анҷом диҳем. Моҳи Шаъбонро бошад, моҳи нигоҳдории кишт ва моҳи Рамазонро бошад, моҳи ҷамъоварии кишт медонанд. Пас, моҳи Раҷаб моҳи омодагӣ ба Рамазон мебошад.
Моҳи Раҷаб- моҳи тавба. Моҳи Шаъбон- моҳи ибодат.
Расулуллоҳ (с.а.с.) рӯзи панҷшанбе рӯза мегирифтанд, садақа мекарданд ва шаби Рағоиб бошад, 12 ракъат намоз адо мекарданд.
Дар Қуръони Карим калимаи «рағоиб» зикр намешавад, аммо дар ҳашт ояти Қуръон бо зермаънои «рағаба» дар шаклҳои гуногун зикр гардидаст. Аз ҷумла дар сураи Тавба ояти 36 Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) чаҳор моҳи ҳарамро зикр кардааст, ки Зилқаъда, Зилҳиҷҷа, Муҳаррам ва Раҷаб мебошад.
Дар ҳадис оид ба моҳи Раҷаб ва шаби Рағоиб омадааст:
- Ҳар фарде, ки дар аввал, мобайн ва охири моҳи Раҷаб рӯза мегирад, савоби рӯзаи кули моҳи Раҷабро мегирад (Мифтаҳул ҷанна).
- Дар ин панҷ шаби дуо рад намеградад: Шаби Рағоиб, шаби понздаҳуми моҳи Шаъбон, ҷумъа, идҳои Рамазон ва Қурбон (Ибни Асокир).
- Рӯзаи рӯзи аввали моҳи Раҷаби Шариф кафорати гуноҳҳои хурди сесола, рӯзаи рӯзи дуюми моҳи Раҷаби Шариф кафорати гуноҳҳои хурди дусола ва рӯзаи рӯзи сеюми моҳи Раҷаби Шариф кафорати гуноҳҳои хурди яксола мегардад. Боқӣ аз ин рӯзҳо бошад василаи кафорати гуноҳҳои хурди якмоҳа мегардад (Ҷамиъус Сағир).
- Анас бин Молик ривот мекунад, ки дар оғози моҳи Раҷаб, Расуллуоҳ (с.а.с.) чунин дуо мекард: «Худоё! Моҳҳои Раҷабу Шаъбонро бар мо муборак гардон ва моро ба моҳи Рамазон бирасон» (Аҳмад бин Ҳанбал, Муснад, 1/259).