Nabi 009

Ваҳдат атрофи меҳвари Пайғамбар(с)

Густараи шахсияти Набии Акрам(с)-ро ҳеҷ инсоне қодир нест ба сурати комил ва пурра баён кунад ва тасвири наздик ба воқеият аз шахсияти он бузургвор пешкаш намояд... ончи мо аз баргузидаи Парвардигори олам ва сарвари пайғамбарони(с) дар саросари таърих шинохта ва донистаем, соя ва шабаҳе аз вуҷуди маънавӣ ва ботинӣ ва ҳақиқии он бузургвор аст, аммо ҳамин миқдор маърифат ҳам барои мусулмонон хело арзишманд ва сабаби аст, то ҳаракати онҳоро ба самти камол замонат кунад ва қуллаи инсоният ва авҷи такомули башариро дар муқобили чашми онон қарор диҳад ва онҳоро ба ваҳдати исломӣ ва ҷамъшавӣ гирди он меҳвар ташвиқ кунад. Бинобар ин тавсияи ва супориш ба ҳамаи мусулмонони олам ин аст, ки рӯи густараи шахсияти Пайғамбар(с) ва зиндагӣ ва сира ва ахлоқи он ҳазрат ва таолиме, ки аз он бузургвор маъсур ва мансус аст, кори зиёде бишавад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст