Сураи Фотиҳа

Ин сура дар Макка нозил шуда ва дорои 7-оят мебошад

Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар

1 Ба номи Худованди бахшандаи бахшоишгар
2 Ситоиш Худовандеро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст.
3 Худое, ки бахшанда ва меҳрубон аст.
4 (Худованде, ки) молики рӯзи ҷазо аст.
5 (Парвардигоро!) танҳо туро мепарастем ва аз ту ёрӣ металабем.
6 Моро ба роҳи рост ҳидоят кун...
7 Роҳи касоне, ки онҳоро соҳиби неъмати худ кардаи, на касоне, ки бар онҳо ғазаб кардаи ва на гумроҳон.

 

Иншоаллоҳ ба тадриҷ тарҷумаи сураҳои Қуръони киримро барои шумо хонандагони азиз боргӯзорӣ хоҳем намуд, бошад, ки савоби тиловату тарҷума ва дарки каломи раббониро насиби худ ва дигарон карда бошем.

М. Сомона

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст