Аслан тадаббур барои тафсир кардан нест, балки барои фаҳмидани мурод аст. Инсон ҳар сухани ҳакимонаеро ду гуна метавонад бардошт кунад; яке сарсарӣ ва бо саҳлангорӣ ва дигарӣ бо диққату кунҷковӣ. Ин аслан ба марҳилаи тафсир кардан ва таъбир кардан намерасад. Тадбире, ки дар Қуръони Карим лозим аст, парҳез кардан аз сарсарӣ нигаристан дар Қуръони Карим аст, яъне шумо ҳар ояи қуръониеро, ки мехонед, бо тааммул ва жарфнигарӣ бошад ва дунболи фаҳмидан бошед. Ин ҳамон тадбир ва тадабур аст ва бе ин ки ниёзе бошад, ки инсон салиқаҳои худашро ба Қуръони Карим таҳмил кунад – ки ҳамон тафсир ба раъй ва назари шахсӣ аст – хоҳед дид, ки бобҳоеро аз маърифат ба ҳасаби муҳтавои оят – ҳарчи ки муҳтавои оят аст – боз мекунад.
Қуръони Карим мегӯяд: Маро сарсарӣ нахонед.«...وَرَتِّلِ الْقُرْآنَ تَرْتِيلًا ...», Қуръони Карим аз олитарин мақом ва аз қуллаи маърифати олами вуҷуд аст. Ин аст, ки инсон бояд тааммул кунад ва чун умқи ин оёт ва ин мафоҳим хеле зиёд аст, ҳар кас тааммул кунад, аз он истифода хоҳад кард, ҳатто худи Пайғамбар(с). Худи Пайғамбар(с) ҳам агар тааммул кунанд – ки албатта Пайғамбар(с) ва уламо ҳамеша Қуръонро бо тааммул ва тадаббур мехонданд – аз Қуръони Карим истифода мекунанд.