Агар баёни Қуръони Каримҳунарӣ набуд, имкон надошт, ки битавонад ин ҳама ҳақоиқ ва мафоҳими олиро дар худ бигунҷонад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳеҷ тарҷума ва тафсири Қуръон қодир нест ҳақоиқи қуръониро бифаҳмонад. Инсон бояд бо забон ва ҳатто бо резакориҳои ҳунарӣ ошно бошад ва албатта дар фазои маънавӣ ҳам қарор бигирад то бифаҳмад Қуръони Карим чи мегӯяд. Лизо худи Қуръони Кариммефармояд: «يُضِلُّ مَن يَشَاءُ وَيَهْدِي مَن يَشَاءُ». Иддае Қуръонро мехонанд, ҳидоят мешаванд, вале иддае ҳам бо хондани он – ба далели надоштани дарк ва фаҳми дуруст ва саҳеҳ – гумроҳ мешаванд. Ин идда чун наметавонанд бо Қуръон иртибот бигиранд, ба он васл намешав анд то тавоноии дарки мафоҳимро дошта бошанд. Албатта баёни Қуръони Карим баёни вофӣ аст; аммо шароити хоссе мехоҳад то инсон битавонад ба маънои ҳақиқии калима, мухотаби Қуръони Каримқарор бигирад. Ғараз ин ки фақат гунҷоиши баёни ҳунарӣ қодир ба баёни бисёре аз мафоҳим аст, ки мафоҳими волои динӣ аз ин қабил аст. Фақат ба василаи ҳунар ва маҳорати хос мешавад ин мафоҳимро дарк кард ва барои дигарон фаҳмонд.