Вақте Қуръони Карим вориди ҷомеа мешавад ширини ва ҳаловати худро ба комҳо мардумон ва миллатҳо мечашонад. Қадами аввал ёд гирифтани матни Қуръони Каримаст ва ин бояд рӯз ба рӯз зиёд шавад. Агар бихоҳем ҳама Қуръонро ёд бигиранд, иддае бояд дар авҷ қарор бигиранд – мисли ҳама чизи дигар – ҳамин тавр ки агар бихоҳед варзиш ҳамагонӣ шавад, бояд қаҳрамонҳоеро пеши чашми мардум нигаҳ доред.
Агар бихоҳем Қуръон дар хонаҳо, байни бачаҳо, бузургҳо, занону мардон ривоҷ пайдо кунад, бояд қаҳрамонони қуръониро эҳтиром кунед. Ин аст, ки мо ба инҳо (қориёни Қуръон) эҳтиром мекунем. Инҳо ҳомили Қуръони Каримва азиз ҳастанд. Забони инҳо азиз аст, лабҳо ва дилҳои инҳо азиз аст, чун бо Қуръон табаррук шудааст. Ҷони мо ба қурбони Қуръони Карим бодо!.