Мафоҳими Қуръони Карим хеле олӣ аст. Худои Мутаол инҳоро ба андоза ва қадри қалби Пайғамбари Акрам(с) таназзул медиҳад ва нозил мекунад, баъд қалби Пайғамбари Ислом(с), ки як колбади башарӣ аст, онро дарк мекунад; ё бигӯем ба қадри фаҳми инсонҳо онро дарк мекунад. Чизе, ки дар олами ҷабарут ва лоҳут аст, ғайр аз он чизе аст, ки ба олами моддии мо меояд ва ба зеҳни як инсон илқо ва қобили фаҳм мешавад; ин таназзул пайдо мекунад. Мо ҳам ба ҳамин нисбат метавонем масоилеро таназзул диҳем ва ба зеҳнҳо бирасонем.
Олими Раббоние мефармуданд;
Қуръон як ҳақиқате аст ва ин ҳақиқат он ҳам ба қалб ворид мешавад. Қуръон сир аст, сирри сир аст, сирри мустатир ба сир аст, сирри муқаннаъи ба сир аст бояд таназзул кунад, биёяд поин, то инки бирасад ба ин маротиби нозила. Ҳатто ба қалби худи Расули Худо(с), ки ворид мешуд, боз таназзул буд; як таназзуле карда буд то ба қалб ворид мешуд. Баъд ҳам аз онҷо бояд нозил бишавад то бирасад ба онҷое, ки дигарон ҳам бифаҳманд.