Quron 002

Қуръони Карим як китоби маъмулӣ ва одди нест, ки мо садҳо ҳазор нусха чоп кунем, иддаеро вазифадор кунем ва бигӯем, ки инро бигиреду бихонед. Мисли китобҳои маъмулӣ, ки як нафар билохира як бор онро мегираду мехонад ва аз аввал то охир тамом мешавад. Агар ҳам хеле ба даҳанаш мазза кунад ду-се бор онро мехонад ва баъд ҳам тамом мешавад. Қуръони Маҷид ин тавр нест. Қуръони Маҷид китоби хондану тамом кардан нест. Китобе аст, ки мафоҳими он бояд ҷузви вуҷуд, зеҳн ва такомули ҳақиқӣ ва маънавии рӯҳи инсон шавад, лизо як бор, ду бор, даҳ бор хондан дар бораи Қуъони Ҳаким маъно надорад. Қуръони Каримро бояд бо рӯҳ фаҳмид. Ҳамаи масъала фикру мағз нест, ки инсон диққат кунад, фикр кунад то як чизро бифаҳмад, балки ҷони инсон бояд Қуръонро бифаҳмад. Дар оёти каримаи Қуръони Карим он қадар мафоҳими густардае ҳаст, ки инсон ҳамеша ҳам, ки тадаббур кунад, боз чизҳои тозае пайдо мекунад. Танҳо барои фаҳм ва мафоҳими Қуръони Карим даҳҳо китоб ва мақолот навиштанд ва бозҳам дар ҳоли навиштан ҳастанд. Ин худ нишонаи муъҷиза будани ин китоби осмони ва Илоҳӣ аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст