Қуръон бисёр азим ва дорои шаъни фавқулода волое аст, як маҷмӯаи маҳдуд аст– фарз кунед сесад-чаҳорсад сафҳа аст – аммо ҳамаи маорифе, ки барои як зеҳни пӯё ва фаъол дар шинохти ҳақиқати олам лозим аст, ба иродаи Парвардигор ба сурати бисёр амиқе дар ин китоб гунҷонда шуда аст; он ҳам на барои сатҳи муайяне, балки инсон ба ҳар нуқтае аз авҷи фикрӣ бирасад, ҳануз ин уқёнуси амиқ барои фуру рафтан ва фикр кардан ва фаро гирифтан ҷо дорад, ки худ ин як мӯъҷизаи бузург аст. Ба унвони мисол китоби илмии амиқеро дар назар бигиред; як одами оммӣ онро намефаҳмад, миқдоре маълумот пайдо кард, чизҳое аз он мефаҳмад, маълумоташ бештар шавад, ҳадди аксари истифодаро аз он мекунад, аз он болотар равад, гоҳе ба унвони тазаккур ва ёдоварӣ, барояш мавриди муроҷеа қарор мегирад ва муфид воқеъ мешавад, аммо вақте инсон аз он болотар рафт, ба ҷое мерасад, ки ин китоб барояш чизе надорад. Яъне як инсони мутабаҳҳири мусаллат ба фалон дониш, ки масалан як китоби олӣ дар ин қисматро сад бор дарс дода, мутолиа кард, хеле чизҳояшро ёд гирифта ё рад кардааст, дигар барояш матлаби тозае надорад. Аммо Қуръон ингуна нест. Қуръон ҳатто барои вуҷуди муқаддаси Пайғамбар(с) ҳам, ки ин маориф бар қалбу самъи ӯ нозил шуда аст, то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ сухани тоза дошта аст. ИнсонҳарчидарҚуръонтафакур ва таваҷҷуҳкунадчизҳоибештарунавбанавмеёбад.