Муъҷизоте, ки тавассути Пайғамбар(с) анҷом шуда аст ва дар Қуръон омада аст бо зикри оят ва сура бифармоед?
Пайғамбари Ислом(с) илова бар Қуръони Маҷид – ки эъҷози ҷовидонаи он ошкор ва бадеҳи аст – муъҷизоти фаровоне дорад ки баъзе аз онҳо дар оёти Қуръон ва китобҳои сиранависон сабт шуда аст. Шуморе аз ин муъҷизот иборат аст аз:
1.Исро. Ҳамон ҳаракати шабонгоҳи Пайғамбар(с) аз Масҷидул Ҳаром то Масҷидул Ақсо аст. Ин сафар дар як шаб ва дар бедори таҳақуқ ёфт; не дар шабҳо ва рӯзҳои тулони ё дар олами хоб. Оёти қуръонӣ ва шавоҳиди таърихи, бар анҷом шудани ин сафар далолати ошкор доранд. Қуръони Карим мефармояд:
سُبْحانَ الَّذِي أَسْرى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِنَ الْمَسْجِدِ الْحَرامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الْأَقْصَى الَّذِي بارَكْنا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آياتِنا إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ»2
“Муназзаҳ аст он Худое, ки бандаашро шабонгоҳе аз Масҷидул Ҳаром ба сӯи Масҷидул Ақсо сайр дод то аз нишоҳнаҳои худ ба ӯ бинамоёнем, ки ӯ ҳамон шунавои бино аст.”
Ин руйдод аз тариқи ҳамаи мусулмонон нақл ва дар китобҳои ривоӣ ва таърихи, фаровон ба он пардохта шуда аст.
2. Шаққул қамар
Аз дигар муъҷизои барҷастаи Пайғамбари Ислом(с) “шаққул қамар” аст. Қуръон мефармояд:
اقْتَرَبَتِ السَّاعَةُ وَانْشَقَّ الْقَمَرُ
“Қиёмат бисёр наздик шуд ва моҳ шикофт.”
Иншиқоқи қамар, дар ҷавоби мушриконе сурат гирифт, ки дархости чунин коре доштаанд, то ба иртиботи Пайғамбар(с) бо илм ва қудрати бепоёни илоҳӣ пай баранд.