1. Бихуред ва биошомед, аммо ба андозаи кофӣ ва лозим, зеро пурхӯрӣ ва зиёдаравӣ саломати шуморо ба хатар меандозад. (сураи Аъроф, ояти 31) “وكُلُواْ وَاشْرَبُواْ وَلاَ تُسْرِفُواْ إِنَّهُ لاَ يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ
  2. Ҳамаи дардҳо ва нороҳатиҳои худро метавонед бо Қуръон решакан кунед. Қуръон бихонед ва ба он амал кунед ва бо рӯҳи Қуръон муртабит ва ҳамнаво гардед, то ҳамаи системҳои рӯҳу ҷисми шумо дар таодули матлуби худ қарор гиранд. (сураи Юнус, ояти 57 ва сураи Исро, ояти 82)” يَا أَيُّهَا النَّاسُ قَدْ جَاءتْكُم مَّوْعِظَةٌ مِّن رَّبِّكُمْ وَشِفَاء لِّمَا فِي الصُّدُورِ وَهُدًى وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

  1. Дар фарҳанги қуръонӣ ин Худованд аст, ки бемориҳоро шифо медиҳад ва дигарон воситаанд. (сураи Шуаро, ояти 80) “وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ
  2. Асли аввал дар саломативу сиҳҳати ғизоҳо ба фармудаи Қуръон он аст, ки ҳалолу покиза бошанд. Ин гуна ғизо метавонад муқаддамоти саломатиро дар бадани инсон фароҳам созад. Ҳалол яъне чизе, ки мамнуияти шаръӣ надорад ва тайиб яъне чизе, ки мувофиқи табъи солими инсонӣ бошад. (сураи Наҳл, ояти 114 ва сураи Бақара, ояти 168) “فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ اللّهُ حَلالاً طَيِّباً وَاشْكُرُواْ نِعْمَتَ اللّهِ

يَا أَيُّهَا النَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي الأَرْضِ حَلاَلاً طَيِّباً

  1. Беҳтарин наҳваи тағзия барои саломати инсон, ки мавриди суфориши Қуръони Карим аст, хурдани субҳона ва шом аст. Ғизои рӯзона дар ду ваъдаи аслӣ дар аввали рӯз ва охири рӯз сарф гардад. Ин шеваи ғизо хурдани биҳиштиён аст, ки дар сураи Марям ояти 62 омада аст. “وَلَهُمْ رِزْقُهُمْ فِيهَا بُكْرَةً وَعَشِيّاً
  2. Ба фармони Қуръон муъминон шоистатарини афрод дар истифода аз неъматҳои илоҳӣ монанди ғизоҳои покиза ҳастанд. Худованд мефармояд: Чи касе ин ғизоҳои покизаро баро шумо ҳаром карда аст? Инҳо зебоиҳои зиндагии дунёст, ки Худованд барои беҳтарин бандагонаш халқ карда аст. Пас аз неъматҳои Худованд истифода кунед (сураи Моида, ояти 87-88) “يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تُحَرِّمُواْ طَيِّبَاتِ مَا أَحَلَّ اللّهُ لَكُمْوَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ اللّهُ حَلاَلاً طَيِّباً””
  3. Ҷолиб аст бидонед, ки Худованд мустақиман дар Қуръон ба хурдани гушт ва моҳиву мева ишора мекунад ва онҳоро аз неъматҳои зиндагии бахши илоҳӣ мешуморад ва аз мо мехоҳад, ки аз онҳо бихурем. (сураи Моида, ояти 1 ва 96 ва сураи Наҳл, ояти 14 ва сураи Муъминун, ояти 19) “وَهُوَ الَّذِي سَخَّرَ الْبَحْرَ لِتَأْكُلُواْ مِنْهُ لَحْماً طَرِيّاً” “فَأَنشَأْنَا لَكُم بِهِ جَنَّاتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعْنَابٍ لَّكُمْ فِيهَا فَوَاكِهُ كَثِيرَةٌ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ
  4. Масъалаи хурок дар Қуръон он қадар муҳим аст, ки дар як оят мустақиман фармон дода шуда аст, ки инсон бо диққат ва тааммул дар ғизое, ки мехурад бинигарад. Яъне ин, ки як инсони қуръонӣ бояд дар наҳваи тағзияи худ ниҳояти диққатро дошта бошад. (сураи Абаса, ояти 24) “فَلْيَنظُرِ الْإِنسَانُ إِلَى طَعَامِهِ
  5. Худованд дар Қуръони Карим хобро яке аз авомили саломат ва оромиши рӯҳи инсон бар мешуморад ва онро неъмати қобили ситоиш ва ояте аз оёти эъҷозомези илоҳӣ муаррифӣ мекунад. (сураи Рум, ояти 23 ва сураи Фурқон, ояти 47) “وَمِنْ آيَاتِهِ مَنَامُكُم بِاللَّيْلِ وَالنَّهَارِ” “وَهُوَ الَّذِي جَعَلَ لَكُمُ اللَّيْلَ لِبَاساً وَالنَّوْمَ سُبَاتاً
  6. Оё медонед дар фарҳанги қуръонӣ сахттарин ва ногувортарини бемориҳо чист? Қуръон мустақиман ба ин беморӣ ишора намуда онро ном мебарад. Ин беморӣ маризии қалб ё бемории дил ном дорад. Чун вақте рӯҳу дили фарде ба ин бемори гирифтор шуд аз шунидану дидан ва дарки ҳақоиқ нотавон мешавад ва ин бадтарин вазъияте аст, ки як инсон пайдо мекунад. (сураи Аъроф, ояти 179 ва сураи Тавба, ояти 125) “لَهُمْ قُلُوبٌ لاَّ يَفْقَهُونَ بِهَا” “وَأَمَّا الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст