Муҳимтарин ҳадафи Иблис гумроҳ кардани инсонҳост, ба тавре ки пас аз он рӯи ҳидоят ва саодатро набинанд. “وَ يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُضِلَّهُمْ ضَلَالَا بَعِيدًا” (сураи Нисо, ояти 60) ва сазовори азоби дӯзах шаванд. “إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكمُ عَدُوٌّ فَاتخَّذُوهُ عَدُوًّا إِنَّمَا يَدْعُواْ حِزْبَهُ لِيَكُونُواْ مِنْ أَصحابِ السَّعِير” (сураи Фотир, ояти 6). Ҳадафи дигари ӯ афсор задан бар инсонҳо ва саворӣ кашидан аз онҳост. “لَأَحْتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُ إِلَّا قَلِيلا” (сураи Исро, ояти 62) то битавонад аз вуҷуди онон барои пешрафти нақшаҳояш ва фиреб кардани дигарон истифода кунад. Шайтон ба касоне афсор мезанад, ки ӯро итоат кунанд.
Бархе шеваҳои фаребкории Иблис чунинанд:
1) Дар роҳи саодат ва растгории инсон камин мекунад ва роҳравони онро ба бероҳаҳои торик мекашонад, то роҳи рост ва равшанро гум кунанд. (сураи Аъроф, ояти 16-17)
“قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنىِ لَأَقْعُدَنَّ لهَمْ صرِاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ(16)
ثُمَّ لاَتِيَنَّهُم مِّن بَينْ أَيْدِيهِمْ وَ مِنْ خَلْفِهِمْ وَ عَنْ أَيْمَانهِمْ وَ عَن شَمَائلِهِمْ وَ لَا تجَدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِين”
2) Байни инсонҳо душманӣ, кина ва даргирӣ падид меоварад, то садди роҳи якдигар шаванд ва аз ёди Худову намоз боз монанд. (сураи Моида, ояти 91)
“إِنَّمَا يُرِيدُ الشَّيْطَانُ أَن يُوقِعَ بَيْنَكُمُ الْعَدَاوَةَ وَالْبَغْضَاء فِي الْخَمْرِ وَالْمَيْسِرِ وَيَصُدَّكُمْ عَن ذِكْرِ اللّهِ وَعَنِ الصَّلاَةِ فَهَلْ أَنتُم مُّنتَهُونَ”
Пайравони худро бо ташвиқ ба анҷоми корҳои ношоист бар зидди аҳли эмон ба кор мегирад, то ононро ғамгин ва нороҳат кунад. (сураи Муҷодила, ояти 10)
“إِنَّمَا النَّجْوَى مِنَ الشَّيْطَانِ لِيَحْزُنَ الَّذِينَ آمَنُوا وَلَيْسَ بِضَارِّهِمْ شَيْئاً إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ وَعَلَى اللَّهِ فَلْيَتَوَكَّلِ الْمُؤْمِنُونَ”
3) Корҳои нописанд ва ҷилваҳои зудгузари дунё монанди зебоӣ, қудрат, шуҳрат ва сарватро барои инсонҳо ороста ва дилпазир мекунад, то ба он дилбастагии беш аз ҳад пайдо кунанд. Дар гуноҳону орзӯҳо ғарқ шаванд ва охиратро аз ёб бибаранд. (сураи Ҳиҷр, ояти 39 ва сураи Оли Имрон, ояти 14)
“زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللّهُ عِندَهُ حُسْنُ الْمَآبِ”
4) Инсонҳоро ба орзӯҳои дуру дарози дунёӣ олуда ва мубтало мекунад. (сураи Нисо, ояти 119)
“وَلأُضِلَّنَّهُمْ وَلأُمَنِّيَنَّهُمْ وَلآمُرَنَّهُمْ فَلَيُبَتِّكُنَّ آذَانَ الأَنْعَامِ وَلآمُرَنَّهُمْ فَلَيُغَيِّرُنَّ خَلْقَ اللّهِ وَمَن يَتَّخِذِ الشَّيْطَانَ وَلِيّاً مِّن دُونِ اللّهِ فَقَدْ خَسِرَ خُسْرَاناً مُّبِيناً”
5) Мардумро ба чизҳои беҳуда саргарм мекунад, то аз ёди Худо ғофил шаванд. (сураи Муҷодила, ояти 19)
“اسْتَحْوَذَ عَلَيْهِمُ الشَّيْطَانُ فَأَنسَاهُمْ ذِكْرَ اللَّهِ أُوْلَئِكَ حِزْبُ الشَّيْطَانِ أَلَا إِنَّ حِزْبَ الشَّيْطَانِ هُمُ الْخَاسِرُونَ”
6) Дар дили касоне, ки эмони устувор надоранд, тарсу ваҳшат меафканад, то дар анҷоми вазифаашон дучори шакку тардид шаванд. (сураи Оли Имрон, ояти 175)
“إِنَّمَا ذَلِكُمُ الشَّيْطَانُ يُخَوِّفُ أَوْلِيَاءهُ فَلاَ تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ”
7) Пораи гуноҳонро дар назари инсон кӯчак ва беаҳаммият ё зебо ҷилва медиҳад, то ба он олуда шаванд. (сураи Муҳаммад, ояти 25)
“إِنَّ الَّذِينَ ارْتَدُّوا عَلَى أَدْبَارِهِم مِّن بَعْدِ مَا تَبَيَّنَ لَهُمُ الْهُدَى الشَّيْطَانُ سَوَّلَ لَهُمْ وَأَمْلَى لَهُمْ”
8) Гуноҳ ва бебандубориро дар ҷомеа густариш медиҳад, то ба сурати фарҳанг ва корҳои оддӣ дарояд. (сураи Нур, ояти 21)
“يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ وَمَن يَتَّبِعْ خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ فَإِنَّهُ يَأْمُرُ بِالْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ”
9) Се гуноҳи бузург ва вайронгар: шаробхурӣ, қиморбозӣ ва бутпарастиро бештар тарвиҷ (густариш) мекунад. (сураи Моида, ояти 90)
“يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِنَّمَا الْخَمْرُ وَالْمَيْسِرُ وَالأَنصَابُ وَالأَزْلاَمُ رِجْسٌ مِّنْ عَمَلِ الشَّيْطَانِ فَاجْتَنِبُوهُ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ”
10) Дар дили мардум шак ва дудилӣ меафканад, то дар масири интихоби роҳи дуруст ҳайрон ва замингир шаванд ва фурсатро аз даст бидиҳанд. (сураи Анъом, ояти 71)
“اسْتَهْوَتْهُ الشَّيَاطِينُ فِي الأَرْضِ حَيْرَانَ لَهُ أَصْحَابٌ يَدْعُونَهُ إِلَى الْهُدَى ائْتِنَا”
11) Инсонро аз фақру нодорӣ метарсонад, то аз инфоқ (додан) ва сарфи мол дар роҳи Худо бипарҳезад. (сураи Бақара, ояти 268)
“الشَّيْطَانُ يَعِدُكُمُ الْفَقْرَ وَيَأْمُرُكُم بِالْفَحْشَاء”