Алӣ Муҳаммадраҷаб : ”Эй ҷома бар худ печида! Шабро ҷуз андаке (ки махсуси истироҳат аст, барои ибодат) бархез. Нисфи шаб (-ро ба ибодат ихтисос деҳ) ё андаке аз нисф бикоҳ ё (миқдоре) бар нисф бияфзо ва Қуръонро шумурда ва рӯшан ва ботааммулу диққат бихон.(Муззаммил/1-5)

Дар Қуръон ва ривоятҳои расида аз Расули Худо (с) ва авлиёи илоҳӣ ва ҳамчунин тавсияҳои донишмандон ва бузургони дин, ки вориси паёмбаронанд, ба хондан ва мудовамат доштан бар тиловати Қуръони Карим ташвиқи фаровон шудааст. Қуръони Карим хитоб ба Паёамбар (с) мефармояд: ”Эй ҷома бар худ печида! Шабро ҷуз андаке (ки махсуси истироҳат аст, барои ибодат) бархез. Нисфи шаб (-ро ба ибодат ихтисос деҳ) ё андаке аз нисф бикоҳ ё (миқдоре) бар нисф бияфзо ва Қуръонро шумурда ва рӯшан ва ботааммулу диққат бихон.”(1)

Дар ривояте аз Паёмбар(с) мехонем, ки мефармоянд: “Болотарин ибодати умматам, аз рӯ хондани Қуръон аст.”(2)

Имом Содиқ (р) бо Қуръон зиёд маънус будааст. Молик дар бораи Имом Содиқ (р) мегӯяд: "Муддате назди он ҳазрат рафту омад доштам, ки ӯро аз се ҳол ҳориҷ надидам: ё намоз мехонд, ё рӯзадор буд ва ё Қуръон мехонд." (3)

Имом Хумайнӣ; он марди бузурги торих, ки дунё назири онро кам дидааст, бо Қуръон иртиботи амиқ ва ҷудонопазир доштаанд ва дар ҳар фурсате Қуръон тиловат мекардаанд. Наздиконаш дар ин робита мегӯянд: "Имом шаб, ки соати 2 бедор мешуданд, чанд ракъат намоз мехонданд ва баъд аз он, то наздики субҳ шурӯъ ба хондани Қуръон мекардан. Баъд аз хондани намози субҳ низ боз ба тиловати Қуръон машғул мешуданд ва соатҳо Қуръон мехонданд. Ин буд, ки ҳаргиз аз Қуръон ғофил нашуданд ва ба дастуроти он ба беҳтарин ваҷҳ амал карданд."

Яке аз фарзандони Имом Хумайнӣ мегӯяд: "Имом дар моҳи мубораки Рамазон ҳар се рӯз як давра Қуръонро хатм мекарданд." (4)

Ростӣ, чаро авлиёи илоҳӣ бар мудовимати хондани Қуръони Карим мувозибат мекарданд ва дигаронро низ ташвиқ менамуданд? Ҳикмати мудовимат бар тиловати Қуръон чист?

Касоне ки бо Қуръон ошноӣ доранд, медонанд, ки сирфи тиловати Қуръон чӣ таъсироти мусбати рӯҳиву равонӣ ва ҳатто таъсироти моддӣ бар инсон мегузорад. Паёмбар (с) ба Алӣ (к) мефармояд: “Эй Алӣ! Се чиз дар тақвияти ҳофиза ва аз байн бурдани балғам муассир аст: лабаниёт, мисвок ва хондани Қуръон." (5)

Инҳо ҳақиқатҳое ҳастанд, ки дар ҳақиқаташон шакке нест, аммо ба назар мерасад хондани Қуръон ва мудовимат ба он, ҳикмати дигаре дорад, ки болотар ва муҳимтар аз ин гуна масоил аст.

Хоссияти нисён ва фаромушӣ, як вижагии инкорнопазир дар вуҷуди инсон мебошад. Ба хотир ин вижагӣ, инсон ҳамвора дар маърази ғафлат ва фаромӯшӣ қарор дорад, ба ин далел инсон эҳтиёҷи шадид ба ёдоварӣ ва тазаккур хоҳад дошт. Ба назар мерасад он ҳама таъкид ва ташвиқ ба хондани Қуръон ба хотири ҳамин аст, ки инсон бо мудовимат ва унси бо Қуръон ҳамвора худро аз хатари нисён ва фаромӯшӣ наҷот дода ва мутазаккир гардад.

Қуръон китоби ҳидоят аст ва аслитарин ҳадафи он, расондани инсонҳо ба камол мебошад. Дар қудрати ҳидоятгарии Қуръон ҳамин бас, ки ин китоб каломи Худо буда ва дорои барномаҳои ҳаётбахши ҳидоӣ мебошад, аз ин рӯ, бояд ҳамвора мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, то инсон аз масири камол ва ҳидоят мунҳариф нагардад. Барои рӯшан сохтани ин ҳақиқат, ба унвони намуна, ба оёте аз Қуръон ва ин ки унс ва баҳрагирӣ аз он чи қадар дар зиндагии инсон ва ҷомеаи инсонӣ муассир аст, ишора мекунем. Ба унвони мисол, ҳангоми тиловати Қуръон ба ин оёт мерасем, ки мефармояд:

1. Ба яқин парҳезкорон дар боғҳои биҳишт ва дар миёни чашмаҳо қарор доранд ва он чи парвардигорашон ба онҳо бахшида дарёфт медоранд, зеро пеш аз он (дар сарои дунё) аз некӯкорон будан. Онҳо каме аз шабро мехобиданд ва дар саҳаргоҳон истиғфор мекарданд ва дар амволи онҳо ҳаққе барои соил ва маҳрум буд. (8)

2. Худо сарнавишти ҳеҷ қавм (ва миллате)-ро тағйир намедиҳад, магар он ки онҳо он чиро дар худашон аст тағйир диҳанд ва ҳангоме ки Худо иродае ба қавме (ба хотири аъмолашон) кунад, ҳеҷ чиз монеи он нахоҳад шуд ва ҷуз Худо сарпарасте нахоҳанд дошт. (12)

Инсон вақте бо Қуръон маънус аст ва бар хондани он мудовимат меварзад, ҳамвора бо ин гуна оёт ва монанди онҳо, ки эҳёгаранд сару кор дорад ва он мазомини олииро дар зеҳн мепарваронад, ки дар натиҷа он мафоҳим ва муътақадоти зеҳнӣ дар амал ва рафтораш буруз мекунад. Бо хондани оёти сураи Зориёт мутаваҷҷеҳ мешавад, ки барои ин ки ба биҳишт ворид шавад, бояд некукор бошад ва каме аз шабро барои ибодат ихтисос диҳад ва дар саҳаргоҳон истиғфор кунад ва аз ҳама муҳимтар ба қонуни созандаи таовун амал карда ва бахше аз моли Худро барои кӯмак ба маҳрумон ихтисос диҳад.

Ӯ чун ҳамвора ба хондани Қуръон мудовимат меварзад, ин матолиб дар зеҳнаш тоза аст ва масалан вақте дар роҳ ба соил ва ниёзманде расид, зуд ёди ин ят меафтад, ки аҳли биҳишт барои соилу маҳрум ҳаққе аз амволашон қарор медиҳанд. Ҳатман ин оят муҳаррики ӯ шуда ва ӯро водор ба таовун ва кӯмак ба он ниёзманд хоҳад кард. Воқеан чи дунёе шавад дунёи мо ҳангоме ки инсонҳо ба ин роҳнамоиҳои Қуръон амал кунанд. Ҷомеае, ки Қуръон аз он ба унвони мадинаи фозила таъбир мекунад.

Чӣ созандааст таваҷҷӯҳ ба ояти 11 сураи Раъд, ки инсонҳо одатан аз он ғофиланд. Бештари мардум барои рафъи гирифториҳои моддӣ ва маънавӣ, иқтисодию иҷтимоии худ мунтазири тағйир аз ҷониби Худоянд, ғофил аз ин ки Худо сарнавишти хеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар бо талоши худи онҳо, ки бояд дар айни истимдод аз даргоҳи илоҳӣ ва таваккул бар ӯ, барои тағйир ва сохтани нафси худ ва ҷомеа талош кунанд. Ин мо ҳастем, ки бояд худ ва иҷтимоъро бисозем. Ин моем, ки сарнавишти худро бо интихоб ва ихтиёр месозем ё мусузем. Чи бисёр иҷтимоъҳое, ки дар зери зулму ситами ҳокимон ва раҳбарони худ леҳ мешаванд ва мунтазири ин ҳастанд, ки кӯмаки Худо аз роҳ бирасад. Дар ҳоле ки Қуръон мефармояд: Ин шумо ҳастед, ки бояд сарнавишти худро тағйир диҳед.

Хулоса ин ки ҳикмати мудовимат бар тиловати Қуръон, тазаккур ва ёдоварист. Ҳақиқат ин аст ки мудовимат бар тиловат, хоссияти тазаккур дорад ва боис мегардад инсон ҳамеша мутанаббеҳ ва бедор бошад ва аз роҳнамоиҳои Қуръон баҳра гирад ва дар масири ҳаракати камолии худ дучори инҳироф нагардад.

Пайнавиштҳо:

1.Сураи Муззаммил ояти 1 то 5.

« يَأَيهُّا الْمُزَّمِّلُ، قُمِ الَّيْلَ إِلَّا قَلِيلًا، نِّصْفَهُ أَوِ انقُصْ مِنْهُ قَلِيلاً، أَوْ زِدْ عَلَيْهِ وَ رَتِّلِ الْقُرْءَانَ تَرْتِيلاً »

2. Канзулуммол, ҷ.1, саҳ.511.

افضل عبادة امتى تلاوة القرآن

3.Ибни Ҳаҷри Асқалонӣ, Таҳзибуттаҳзиб, дорулфикр, бейрут, 1995, ҷ2, саҳ70.

4. Бардоштҳои аз сираи имом Хумайнӣ, ҷ.3, саҳ.12.

5.Алфусулулмуҳимма, Ҳурри Омулӣ, муассисаи маорифи исломии имом Ризо(а), 1418.қ, ҷ.3, саҳ.28.

يا علي، ثلاثة يزدن في الحفظ ويذهبن البلغم، اللبان، والسواك، وقراءة القرآن

6. Сураи зориёт, ояти 1 то 5.

« إِنَّ الْمُتَّقِينَ فىِ جَنَّاتٍ وَ عُيُونٍ، ءَاخِذِينَ مَا ءَاتَئهُمْ رَبهُّمْ إِنهَّمْ كاَنُواْ قَبْلَ ذَالِكَ محُسِنِينَ، كاَنُواْ قَلِيلًا مِّنَ الَّيْلِ مَا يهَجَعُونَ، وَ بِالْأَسحْارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ، وَ فىِ أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ لِّلسَّائلِ وَ المَْحْرُومِ »

7.Сураи Раъд, ояти 11.

« إِنَّ اللَّهَ لا يُغَيِّرُ ما بِقَوْمٍ حَتَّى يُغَيِّرُوا ما بِأَنْفُسِهِمْ وَ إِذا أَرادَ اللَّهُ بِقَوْمٍ سُوْءاً فَلا مَرَدَّ لَهُ وَ ما لَهُمْ مِنْ دُونِهِ مِنْ والٍ »

Кимиёи саодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст