Ривоёти фаровоне, ки дар мавзӯи тарбияти фарзанд ба дасти мо расидааст, ба масъалаи риъояти адолат, мусовот ва парҳез аз табъиз байни авлод таъкиди фаровоне шудааст. Ба далели аҳамияти ин баҳс ва рӯшан шудани фарқи ин ду калима ба баёни он ду мепардозем.
Адолат ва мусовот:
Табъиз як навъ ситам аст ва аз он ҷо ки зиндагии инсон ба адолати иҷтимоӣ ниёзи мубрам дорад, бояд бо ашколи мухталиф бо табъиз мубориза шавад. Аввал лозим аст маънои табъизро дуруст бишносем. Мақсуд аз табъиз ин аст, ки миёни ду фард ё афроде, ки
аз лиҳози истеъдод ва амал мусовӣ ва баробар ҳастанд, фарқ гӯзошта шавад. Ва ду навъ инсон, ки ҳеҷ имтиёзи маъқуле бар якдигар надоранд, аз эҳтироми мутафовит бархурдор бошанд ва ду шахсе, ки бо якдигар ихтилоф ва низоъ доранд, бидуни ҳеҷ марҷаи қонунӣ, байни онҳо фарқ гузошта шавад. Шикастани ин гуна табъизҳо сабаби барқарории мусовот ва баробари мешавад ва дар натиҷа ҳамагон метавонанд бо оромиши хотир зиндагӣ кунанд.
Бадеҳист, ки падар ва модар аз самараи талхи ин табъизҳо бебаҳра намемонанд ва эътимоди баччаҳо аз онон салб мешавад. Илова бар ин, бо дасти худ оташи ҳасодат, душманӣ ва кинаварзиро байни фарзандонашон шуълавар месозанд, албатта ҷуз ин ҳам набояд интизор дошт.
Адолат байни писар ва духтар:
Инак намунае аз аҳодисе, ки дар ин замина ворид шудааст:
Имоми Содиқ(а) мефармоянд:
]قَالَ وَالِدِي وَ اللَّهِ إِنِّي لَأُصَانِعُ بَعْضَ وُلْدِي وَ أُجْلِسُهُ عَلَى فَخِذِي (وَ أُفْكِرُ لَهُ فِي الْمِلْحِ) وَ أُكْثِرُ لَهُ الشُّكْرَ وَ إِنَّ الْحَقَّ لِغَيْرِهِ مِنْ وُلْدِي وَ لَكِنْ مَخَافَةً عَلَيْهِ مِنْهُ وَ مِنْ غَيْرِهِ لِئَلَّا يَصْنَعُوا بِهِ مَا فَعَلُوا بِيُوسُفَ إِخْوَتُهُ وَ مَا أَنْزَلَ اللَّهُ سُورَةَ يُوسُفَ إِلَّا أَمْثَالًا لِكَيْ لَا يَحْسُدَ بَعْضُنَا بَعْضاً كَمَا حَسَدَ يُوسُفَ إِخْوَتُهُ وَ بَغَوْا عَلَيْهِ فَجَعَلَهَا حُجَّةً وَ رَحْمَةً عَلَى مَنْ تَوَلَّانَا وَ دَانَ بِحُبِّنَا (حُجَّةً عَلَى) أَعْدَائِنَا وَ مَنْ نَصَبَ لَنَا الْحَرْبَ[
"Падарам фармуданд: Ба Худо савганд ман гоҳе бо яке аз фарзандонам беш аз ҳад нарми ва мудоро мекунам. Ӯро бар зону менишонам ва ба ширинкорӣ ва бозӣ бо ӯ мепардозам ва аз ӯ таъриф ва тамҷид мекунам. Дар ҳоле ки медонам ҳақ бо дигар фарзандонам аст, аммо аз ин тарс дорам, ки мабодо моҷарои ҳазрати Юсуф(а) ва он чи бародаронаш бо ӯ карданд бар сари ӯ низ биёяд ва дар ҳақиқат Худованди Мутаол ин сураро ҷуз барои дарси ибрат, нозил накардааст. Аз баҳри он ки баъзе аз мо бар баъзе дигар ҳасад меварзанд, чунон ки бародарони Юсуф(а) бар ӯ ҳасодат ва ситам карданд."
Рафтори ҳамоҳанг ва одилона ва базли муҳаббат ва таваҷҷӯҳ ба таври мусовӣ ба фарзандон, асли созандаест, ки то аъмоқи вуҷуди кӯдак асар мегӯзорад. Бинобар ин дар Ислом ба адолат суфориш шудааст.
Қуръони Карим дастур медиҳа: <اعْدِلُوا هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوى> "Адолат кунед! Ки он ба (худ нигаҳ дори ва) порсоӣ наздиктар аст."
Расули Худо ҳазрати Муҳаммд(с) мефармоянд:
] اعْدِلُوا بَيْنَ أَوْلَادِكُمْ كَمَا تُحِبُّونَ أَنْ يَعْدِلُوا بَيْنَكُمْ فِي الْبِرِّ وَ اللُّطْفِ[
"Миёни фарзандони худ, ба адолат рафтор кунед, ҳамон гуна ки худи шумо низ дӯст доред онон дар эҳтиром ва муҳаббат, (нисбат ба шумо) ба адолат рафтор кунанд."
Расули Худо(с) нисбат ба табъиз қоил шудан байни писарон ва духтарон, бисёр ҳассос буданд. Намунаи гӯёе аз ин ҳасосият чунин аст:
]عَنِ الحَسَنِ، قَالَ: بَيْنَا رَسُولُ اللهِ3 يُحَدِّثُ أَصْحَابَهُ إِذْ جَاءَ صَبِيٌ حَتَّى انْتَهَى إِلَى أَبِيْهِ فِي نَاحِيَةِ القَوْمِ فَمَسَحَ رَأْسَهُ وَ أَقْعَدَهُ عَلَى فَخِذِهِ اليُمْنَى قَالَ: فَلَبِثَ قَلِيْلاً فَجَاءَتْ ابْنَةٌ لَهُ حَتَّى انْتَهَتْ إِلَيْهِ فَمَسَحَ رَأْسَهَا وَ أَقْعَدَهَا فِي الأَرْضِ فَقَالَ رَسُولُ اللهِ3: فَهَلاَّ عَلَى فَخِذِكَ الأُخْرَى فَحَمَلَهَا عَلَى فَخِذِهِ الأُخْرَى فَقَالَ3: اَلآنَ عَدَلْتَ[
"Рӯзе Паёмбар(с) гармогарми сухан гуфтан бо ёрон буд. Писарбачае омад ва назди падари худ, ки дар гӯшае нишаста буд рафт. Падараш дасте бар сари ӯ кашид ва ӯро бар зонуи рости худ нишонид. Андаке бадин ҳол буд, ки духтари хурдсоли он мард низ омад ва ба тарафи падараш рафт. Чун ба наздики ӯ расид мард дасте ба сараш кашид ва дар канори худ бар замин нишонид. Паёмбари Худо(с), ки табъиз ва беадолатиро мушоҳида кард ба ӯ фармуд: “Чаро ӯро бар зонуи чапи худ нанишондӣ?” Он мард, (ки ба рафтори нодурусти худ пай бурда буд, ба дастури Паёмбар(с) амал кард ва) духтарашро бар зонуи дигар нишонид. Расули Худо(с) фармуд: “Ҳоло адолатро риоят кардӣ”. "
Ва ҳамчунин Расули Худо(с) фармуданд:
]مَنْ وُلِدَتْ لَهُ ابْنَةٌ فَلَمْ يُؤْذِهَا وَ لَمْ يُهْنََهَا وَ لَمْ يُؤَثِّرْ وُلْدَهَا عَلَيْهَا - يَعْنِي الذُّكُوْرَ- أَدْخَلَهُ اللهُ بِهَا الْجَنَّةَ[
"Ҳар кас, ки барояш духтар ба дунё ояд, ӯро озору азият накунад, пасту ҳақираш нашморад ва писарони худро бар ӯ тарҷеҳ надиҳад, Худованд ба воситаи он духтар ӯро ба биҳишт мебарад."
Ибни аббос аз Расули Худо(с) нақл мекунад:
] سَاوُوْا بَيْنَ أَوْلاَدِكُمْ فِي الْعَطِيَّةِ فَلَوْ كُنْتُ مُفَضِّلاً أَحَداً لَفَضَّلْتُ النِّسَاءَ[
"Вақте ҳадияе ба фарзандонатон медиҳед, байни онон мусовотро риоят кунед. Ва агар ман касеро бар дигарӣ муқаддам медоштам, ҳар оина занонро муқаддам медоштам."