Asmo

Аз назари Қуръони Карим Худованд ҳамаи сифоти камолро дорад. Некутарин номҳо ва болотарин сифатҳо аз они ӯст. (Ҳашр\24)

Сифоти воло дар саросари ҳастӣ хосси ӯст. (Рум\27) Аз ин рӯ Худованд Ҳай, Қодир, Алим, Мурид, Раҳим, Ҳодӣ, Холиқ, Ҳаким, Ғафур, Одил аст ва ҳеҷ сифати камолие нест, ки дар ӯ набошад. Аз тарафи дигар ҷисм, мурракаб, оҷиз, маҷбур ва золим нест.

Дастаи аввал, ки сифоти камолӣ аст ва Худованд ба онҳо муттасиф аст “сифоти субутия” номида мешавад ва дастаи дувум, ки аз нақс ва костӣ нашъат мегирад, ва Худованд аз васф шудан ба онҳо муназзаҳ аст “сифоти салбия” номида мешавад.

Мо Худоро “сано” ва “тасбиҳ” мегӯем. Дар сано “асмои ҳусно” ва сифоти камолияи ӯро ёд мекунем ва дар тасбиҳ ӯро аз ончи лоиқи ӯ нест муназзаҳ ва мубарро мешуморем ва дар ҳар ду сурат маърифати ӯро барои худамон тасбит мекунем ва ба ин васила худро боло мебарем.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст