Ihtikor

Эҳтикор; яъне захира кардани маводде дар замоне ки мардум ба он мӯҳтоҷанд, монанди гандум ё равған ва ғ... дар анбор захира мекунад ва ҳарвақт ки қиматаш зиёдтар шуд баъд бифурушад ва судди бештаре бибаранд. Ин кор аз назари дини Ислом ва суннати набии Акрам (сав) кори бад ва

ғайри Исломи ва дур аз суннат аст.

Накӯҳиши эҳтикор

قال رسول الله: احْتِكارُ الطَّعام بِمَكَّة الْحادٌ. (معجم الأوسط)

Эҳтикор(анбор кардан) -и маводи ғизоӣ дар сарзамини Макка куфр аст.

قال رسول الله: لا يَحْتَكِرُ إلاّ خاطِى‏ءٌ. (صحيح المسلم)

Ҷуз хатокор эҳтикор (захира) намекунад.

Муҳтакир;

قال رسول الله: بِئْسَ العَبْدُ المُحْتَكِرُ: إن أرْخَصَ اللّه‏ تَعالى الأسْعارَ حَزِنَ وَ إن أعْلاهَا اللّه‏ فَرِحَ. (معجم الكبير)

Чӣ бад бандаест эҳтикоркунанда! Агар Худои Таоло қиматҳоро поин биёварад ғамгин вале агар боло бибарад хушҳол мегардад.

قال رسول الله: الجالِبُ إلى سُوقِنا كَالْمُجاهِد في سَبيل‏اللّه‏ وَ المُحْتَكِرُ في سُوقِنا كالْمُلْحِد في كِتاب اللّه‏. (المستدرک للحاکم)

Он ки ба бозори мо аҷноси мавриди ниёз мусулмононро ворид менамояд, монанди муҷоҳиди дар роҳи Худост ва он ки дар бозор мо (мусулмонон) эҳтикор мекунад, монанди касе аст, ки дар китоби Худо кофир шумурда шудааст.

قال رسول الل : الجالِبُ مَرْزُوقٌ وَ المُحْتَكِرُ مَلْعُونٌ. (سنن ابن ماجة)

Воридкунанда(–и коло ба бозори мусулмонон) рӯзӣ дода мешавад вале эҳтикоркунанда лаънат мебарад.

قال رسول الله: مَن احْتَكَر عَلَى المُسْلِمينَ طَعامَهُم ضرَبَه اللّه‏ بِالْجُذامِ. (سنن ابن ماجة)

Ҳар кас ғизои мусулмононро эҳтикор намояд, Худованд ӯро ба песӣ мубтало кунад.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст