Мо онгоҳ, ки мехоҳем нигоҳе ба низоми иқтисодии Ислом дошта бошем, аввал бояд назар кунем; Ислом дар бораи сарват чӣ гуфт аст? Мумкин аст касе фикр кунад; Ислом сарватро матруду мардуд медонад ва онро нопок мешуморад, ки дар ин сурат дигар ниёз ба баҳсу тартибу танзими муқаррарот дар бори идораи он набуд, балки ба сурати куллӣ онро маҳдуд ва аз он наҳй мешуд, чунон ки дар бораи муҳаррамот дар дин инчунин аст ва дар бораи мавриде аз он дар боби шароб муқаррар гардидааст:
لَعَنَ اللهُ بایِعَها وَ مُشتَرِیَها وَ آکِلَ ثَمَنِها وَ ساقِیها وَ شارِیبَها...
Лаънат кард Худованд фурӯшанда, харидор ва хӯрандаи пули онро ва нушонанда ва нушандаи онро...
Ҷавоб ин аст, ки иштибоҳи бузурге аст ин иштибоҳ!. Дар Ислом молу сарват ҳеҷ вақт таҳқир нашудааст, на тавлидаш ва на доду ситад ва на истифода ва масрафаш. Балки ҳамаи инҳо таъкид ва тавсия шуда ва барои онҳо шарту муқаррарот ва мавозинеро таъйин кардааст. Ҳаргиз аз назари Ислом сарвату мол матруду мардуд нест ва барои он аҳкоме ҳамчун исроф, барои масрафи бефоида ва андохтани он дар ҷое беҳадаф таъйин ва онро ҳаром гуфтааст. Ин иштибоҳ аз он сабаб аст, ки дар Ислом бо ҳадафи ин ки инсон фидои сарват нашавад, бо пулпарастӣ ва сарватгароӣ ва ҳадаф қарор додани он мухолиф аст ва бо он мубориза кардааст ва дар бораи касоне, ки сарватро барои худи сарват талаб мекунанд мефармояд:
... وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ
Касоне, ки молу сарватро ҷамъ мекунанд ва аз он дар роҳи Худо нафақа ва хайроте намедиҳанд, пас онҳоро ба азоби сахт хабардор кун... .
Ин ҳамон ҳолати ҳирс ва ё ҳамон ҳарисӣ аст, ки пулро фақат барои пур ,кардани шикам ва айёшӣ ва хушгузаронӣ мехоҳанд. Дар ин ҳолат, ки пулро ҳадафи худ медонанд, ҳастӣ ва шахсияти инсонӣ ва шарофати он аз байн меравад ва маънавият фаромӯш мешавад. Дар муқобили ин пастӣ хостани сарват барои фаолият ва осон кардани роҳи тавлиду таксир бо ҳадафи куллитар, ки пуштивонаи маънавӣ ва инсонӣ ва дар кул ҳамон ҳадафи илоҳӣ аст, мавриди назар хоҳад буд.
Расули Аъзам(с) мефармояд:
نِعمَ المالُ الصّالِحُ لِلرَّجُلِ الصّالحِ
Мавлавӣ мафҳуми онро дар назм оварда мегӯяд:
Молро гар баҳри дин боши ҳамул
ниъма молу солеҳ хондаш Расул
Об дар киштӣ ҳалоки киштӣ аст
вар буд дар зери киштӣ пуштӣ аст.
Ташбиҳу тамсили сарват ва инсон ба дарё ва киштӣ аз ин назар аст, ки дар як вазъият ӯро ғарқ ва дар худ нобудаш мекунад ва дар як вазъияти дигар ӯ метавонад аз он ба хубӣ истифода ва натанҳо зарбае нахӯрад, балки онро дар роҳи расидан ба ҳадафаш савор ва дар такмили шахсияташ аз он истифода барад. Ин ташбеҳ бисёр хуб аст.
Ояти каримаи كَلَّا إِنَّ الْإِنسَانَ لَيَطْغَى. أَن رَّآهُ اسْتَغْنَى (ҳақиқатан инсон саркаш аст вақте худро бениёз мебинад) нақши инсонро дар фосид кардани шахсияти инсонӣ баён мекунад ва ҳамчунин дар ояти
وَلَا تُطِعْ كُلَّ حَلَّافٍ مَّهِينٍ. هَمَّازٍ مَّشَّاء بِنَمِيمٍ. مَنَّاعٍ لِّلْخَيْرِ مُعْتَدٍ أَثِيمٍ. عُتُلٍّ بَعْدَ ذَلِكَ زَنِيمٍ. أَن كَانَ ذَا مَالٍ وَبَنِينَ. إِذَا تُتْلَى عَلَيْهِ آيَاتُنَا قَالَ أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
Ва аз ҳар (инсони) пасте, ки қасам мехӯрад пайравӣ накун, (ки) айбҷуе аст, ки барои хабаркашӣ ҳаракат мекунад. (ӯ) манъкунандаи хайру таҷовузгари гуноҳкор аст. (Ӯ) бе адаб ва (ҳатто) зинозодааст, чун дорои молу фарзанд аст, вақте ояти мо бар ӯ хонда мешавад мегӯяд (ин) афсонаҳои гузаштагон аст.
ва дар ояти
زيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللّهُ عِندَهُ حُسْنُ الْمَآبِ
Ҳуб ва дӯстдории шаҳватҳои гунонгун аз занон ва писарон ва молу сарвати зиёд; аз симу зар ва асбҳои нишонадор ва домҳо ва киштзорҳо барои инсонҳо зебо гардонида шуд, (аммо) инҳо ҳама аз зиндагии дунёӣ аст, беҳтаринҳо назди Худованд аст.
...чунон ки ҳадаф дур андохтан ва тарки зану фарзанд нест, ки ин бо суннати муаккади дину Паёбари Аъзам(салому дурӯди Худо бар Ӯ бод) носозгор аст, дар мавриди сарват ҳам ҳаминтавр аст.
Ислом пулпарастӣ ва сарватмеҳвариро рад мекунад, аммо асли пулу сарватро маҳкум намедонад, зеро дар мавориди зер тавсияи зиёд шудааст:
1- Тавлиди сарват (кишоварзӣ, домдорӣ, санъат,).
2- Иқдом ба доду ситади сарвату амвол бо ҳамдигар.
3- Масраф неъматҳо дар ҳадде, ки исроф набошад.
4- Пешгирӣ аз исрофу ҳайф намудани амвол ва дуздӣ ва харҷи ноҷо. ( муқаррароти қазоӣ ва ҷазоӣ).
5- Шаҳид номидани кушта шуда дар роҳи дифоъ аз молу номус.
6- Номидани молу сарват ба унвони мо тараки хайр.
كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِن تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالأقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِين
Бар шумо фарз гардид, ки вақте яке аз шумо ба марг (наздик) расид, агар моле аз худ барои падару модар ва наздиконаш гузоштааст, васияти писандида кунад, ин ҳаққе аст барои парҳезгорон.